Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти «Мерлин» дар Тоҷикистон


Масъулони намояндагии созмони байнулмилалии "Мерлин" дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ба далели пеш омадани мушкилоти молӣ ин созмон ночор шуд идомаи иҷрои барнома ва тарҳҳояш дар ин кишварро мутаваққиф кунад.


Дар ҳамин ҳол оқои Абрил, ҳамоҳангсози «Мерлин» дар Тоҷикистон, таъкид кард, ки дар сурати пайдо кардани маблағ ва мусоидати кишваҳрои кумакрасон имкони аз нав ба фаъолият пардохтани созмони «Мерлин» дар ин кишвар вуҷуд дорад.


Ин созмони байнулмилалии кумаки пизишкӣ бо ҳадафи ёрии тиббӣ ба аҳолии манотиқи зарардида аз офоти табиӣ ва кишварҳои баъди низоъ дар соли 1993 дар Бритониё ташкил шудааст.


Намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон аз соли 1996 амал мекунад ва дар тавоми беш аз 11 соли фаъолият дар Тоҷикистон ин созмон тавассути бахшҳои худ дар вилояти Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт ба аҳолии ниёзманд кумакҳои тиббӣ кардааст. Масалан, танҳо дар соли 2006 беш аз 210 ҳазор аз аҳолии Тоҷикистон таҳти кумакҳои пизишкии ин созмон қарор гирифтааст. Дар чаҳор соли ахири ин созмон ба аҳолии Тоҷикистон ба маблағи тақрибан шаш миллион доллар ёрии тиббӣ расонида, чанде аз бемористонҳои навоҳии вилояти Хатлонро низ тармим ва бозсозӣ кардааст.


Фернандо Ҳабриел, ҳамоҳангсози пизишкии «Мерлин» дар Тоҷикистон, таъкид кард, ки ҳамкории онҳо дар давоми ёздаҳ соли фаъолият бо мақомоти марказӣ ва ҳукуматҳои маҳаллии Тоҷикистон дар сатҳи хеле хуб қарор дошта ва қатъи фаъолияти онҳо ҳеҷ гуна ангезаи дигаре надорад. Вай таъкид кард, ки мақомоти Тоҷикистон мехост, то фаъолияти «Мерлин» дар ин кишвар идома пайдо кунад.


Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG