Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев "қазоқбошӣ" мешавад?


NA Порлумони Қазоқистон тасмим гирифт, ки Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури феълии кишвар, салоҳияти то охири умраш ба мансаби раисҷумҳур интихоб шуданро хоҳад дошт.

Ахиран ҳарду маҷлиси парлумони Қазоқистон дар баррасии дубораи тағйироту иловаҳо ба қонуни асосии кишвар тасмим гирифтанд, ки раисиҷумҳури феълии ин кишвар Нурсултон Назарбоев метавонад бидуни мақдудият то охири умр дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат намояд.


Ба ин пешниход 36 вакили сенат ва 70 вакили маҷлис раъй доданд. Ҳамин тавр порлумон ба Н. Назарбоев. ки 17 сол ба ин тараф раисиҷумҳури Қазоқистон аст, имконият дод, то охири умр дар сари кудрат монад.


Ағлаби таҳлилгарону сиёсатшиносони кишвар, аз ҷумла Дос Кошим, сарвари ҷунбиши ҷамъиятии «Улт тағдири» («Сарнавишти миллат»), ин тасмими порлумонро қадаме ба сӯи диктатура меноманд. Зеро ин тасмим, ба гуфтаи онҳо, хилофи ҳама гуна равандҳои демократист ва он баъзе тағйироту иловаҳоро, ки парлумон дар мавриди маҳдуд кардани салоҳияти раиси ҷумҳур ва ба ҳукумат гузаронидани ин салоҳиятҳоро ҳабул намуда буд, ба ҳеч мебарад.


Окои Дос Кошим мегӯяд, ки порлумон бо ин тасмими хеш барои пайдо шудани боз як «бошӣ»-и нав - «қазоқбошӣ» - дар Осиёи марказӣ имконият ба вуҷуд меоварад. Ба ақидаи ӯ, аз сӯи дигар ин тасмим ба вазъи сиёсии Осиёи марказӣ низ таъсири номатлуб хоҳад гузошт ва имкон дорад дар кишварҳои Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон низ «бошӣ»-ҳои нав, яъне сарварони абадӣ, пайдо шаванд.


Аз сӯи дигар, Амирҷон Косанов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Қазоқистон, бар он аст, ки ин тасмимро Нурсултон Назарбоев, ки тағйироту иловаҳо барои имзо ба ӯ пешниход карда мешавад, рад карда, барои баррасии дубора ба порлумон хохад баргардонд. Дар акси ҳол , ба андешаи ин сиёсатмадор, Қазоқистон ба таври катъӣ ба сафи кишварҳои ба равандҳои демократӣ муқобил шомил мегардад .


Инчунин, афзуд ӯ, ин амал имкони басо ками ин кишварро барои ба даст овардани раёсати даврии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар соли 2009 ба ҳеч мебарад.


Лозим ба таъкид аст, ки салоҳияти раёсати ҷумҳурии Нурсултон Назарбоев аслан соли 2012 ба анҷом мерасад.


Насибҷон Амонӣ, Алмаато.
XS
SM
MD
LG