Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз қочоқи ёдгории таърихӣ


mm

Мақомоти гумруки фурудгоҳи Душанбе мегӯянд аз як талоши қочоқи ёдгориҳои таърихӣ ҷилавгирӣ кардаанд. Манобеи Кумитаи гумруки Тоҷикистон ба хабаргузориҳо гуфтааанд, Дмитрий Есин шаҳрванди 40 солаи Русия ҳангоме, ки мехост се нигораи таърихиро ғайриқонунӣ аз Душанбе ба Маскав интиқол диҳад, боздошт шудааст. Дар миёни бағоҷи Д. Есин се ёдгории таърихӣ, аз ҷумла як чойҷӯш ё самовари бо барнавишти «Самоварная фабрика Алексея Поташова» мутааллиқ ба соли 1907 ошкор шудааст. Айни ҳол тафтишоти қаблии ин қазия дар ҷараён аст.
XS
SM
MD
LG