Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ имрӯз қасам ёд мекунад


Имрӯз, 16 май, сиёсатмадори муҳофизакор Николас Саркозӣ ба ҳайси раиси ҷумҳури ҷадиди Фаронса дар кохи Елиссей қасам ёд карда қудратро аз дасти Жак Ширак, ки 12 сол раҳбариро бар дӯш дошт, мегирад.


Жак Ширак дар суханронии телевизионии ниҳоии худ аз мардуми Фаронса даъват кард, ки муттаҳид ва ба арзишҳое содиқ бимонанд, ки Фаронсаро ба нерӯи қавӣ дар Аврупо табдил ва ҳомии сулҳ дар ҷаҳон кардааст.


Саркози дар интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса 53 дар сади раъйи мардуми кишварашро соҳиб шуда рақибаш Сеголен Роялро шикаст дод.
XS
SM
MD
LG