Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ мешавад


Қарор аст, имрӯз, 16 май, вазири умури хориҷаи Қирғизистон Аднон Қарабоев ба хотири баррасии масоили марзӣ, энержӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ба Тоҷикистон сафар кунад.


Дар ҷараёни сафари дурӯзаи корӣ қарор аст, Аднон Қарабоев бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири умури хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ ва вазири нақлиёт ва мухобирот Абдураҳим Ашӯров дидору гуфтугу кунад.
XS
SM
MD
LG