Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармоягузории ҷанги Ироқу Афғонистон қисман тасдиқ шуд


Маҷлиси Намояндагони Конгресси ИМА сарфи назар аз таҳдиди ветои президенти ин кишвар Ҷорҷ Буш маблағгузории ҷанги Ироқу Афғонистонро фақат барои чанд моҳ тасдиқ кард.


Даҳуми май Маҷлиси зери назорати ҳизби демократ бо 221 тарафдор ва 205 муқобил тахсиси 43 миллиард доллар сармоягузории фавқулодаи ҷангро тасвиб намуд. Дар санад омадааст, ки қисмати дигари сармояи ҷанг эҳтимол дар моҳи июл ҳамзамон бо арзёбии беҳбуди амният ва ҳукуматдории ироқиҳо ҷудо хоҳад шуд. Раиси Маҷлиси Намоядагони палатаи поёнии Конгресси ИМА хонум Ненсӣ Пелосӣ аз президент Буш дархост намуд, ки таҳдиди ветои ин ҳуҷҷатро канор гузорад. Пелосӣ афзуд: "Ин санаде мебошад, ки бояд мувофиқи табъи президент бошад. Он тақозои беҳбуди вазъи амниятиро дар миён гузоштааст. Ӯ бояд каме итминон дошта бошад, ки дар Ироқ бо чӣ коре машғул аст. Сипас Конгресс дар моҳи июл кори ӯро қазоват кунад. Оё чизе аз ин ҳам одилонатар буда метавонад?"

Дар Сенат нуфузи демократҳо заифтар аст. Аз ин рӯ маълум нест, ки Маҷлиси болоии Конгресс ин ҳуҷҷатро тасдиқ хоҳад кард ё не? Президент Буш иброз дошт, ӯ ҳар санадеро, ки имконоти ҷангиро зери шарт мегузорад, вето хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG