Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ Гул номзадиашро пас гирифт


Вазири умури хориҷаи Туркия Абдуллоҳ Гул номзадии худ ба мақоми раёсати ҷумҳурро пас гирифтааст. Вай ин тасмимро баъд аз он гирифт, ки дуввумин талоши порлумони Туркия барои раъй додан ба номзади Ҳизби Адолат ва Тавсиъа ба далели ҳузури нокофии вакилони мардумӣ бенатиҷа анҷомид.


Булент Аринҷ, раиси порлумони Туркия, иттилоъ дод, ки Ҳизби ҳокими Адолат ва Тавсиъа натавонист ҳузури аз се ду ҳиссаи вакилони порлумонро таъмин кунад, ки барои раъйдиҳӣ зарур аст.


Аҳзоби мухолифи давлати Туркия интихоботи раиси ҷумҳурро таҳрим кардаанд, зеро нигаронанд, ки ҳизби ҳоким метавонад арзишҳои исломиро дар давлати дунявии Туркия ворид кунад.
XS
SM
MD
LG