Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русал бо Ансол забони муштарак ёфт


Ширкати Русал-и Русия бо пардохти 100 миллион доллари амрикоӣ ба суратҳисоби Ансол - як ширкати тоҷикӣ тавонистааст аз идомаи муҳокимаҳои додгоҳӣ дар яке аз додгоҳҳои шаҳри Лондон ҷилавгирӣ кунад.


Вера Курочкина-сухангӯи ширкати Русал гуфт дар арафаи ба фурӯши бозори ҷаҳонӣ гузоштани саҳмияи Русал тасмим бар ин шуд,ки куллия ихтилофот ва мубоҳисоти ҳуқуқӣ бо муддаъиён ҳалл карда шавад. Ӯ мегӯяд: "ширкати Русал ва Ансол мувофақа ҳосил намудаанд, ки аз даъво ва эътироз алайҳи ҳамдигар даст бардоранд. Ва ҳарду тараф шароити созиши ба дастомадаро минбаъд риоят хоҳанд кард".

Аваз Назаров ва ширкати ӯ Ансол то соли 2004 ҳамагуна муомилоти воридот ва содироти корхонаи арзизи тоҷикро таҳти назорат дошт ва аз авохири соли 2000 то декабри соли 2004 дар заминаи фурӯши алюминий бо Русал ҳамкорӣ мекард. Аммо ин ҳамкорӣ баъди ифтитоҳи парванда алайҳи Абудқодир Эрматов - раиси корхонаи алюминий аз сӯи додситонии кулли Тоҷикистон қатъ гардид ва Аваз Назаров-раиси ширкати Ансол дар баробари «Ориёнбонк» ва раиси он Ҳасан Саъдуллоев, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Русалро барои лағви ғайриқонунии шартнома, мудохила дар муомилоти тиҷоратӣ ва фасодкорӣ муттаҳам хонда, ҷиҳати расидагии мунсифона ба яке аз додгоҳҳои Лондон шикоят бурд.


Аз сӯи дигар давлати Тоҷикистон низ ширкати Ансол ва масъулини онро барои сирқати беш аз дусад миллион доллари корхонаи арзиз ба яке аз додгоҳҳои Лондон кашидааст. Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон ҳамчунин ширкати Ансол -ро дар мусоидати молии кудатои нофарҷоми Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонси мубоиза бо маводи мухаддир,ки ба ҳукми абад маҳкум шудааст, муттаҳам мекунанд ва ҳоло Аваз Назаров - раиси ин ширкат мавриди ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.


Аммо дар ҷараёни муҳокимаҳои додгоҳӣ дар Лондон,ки аз соли 2005 ба ин сӯ идома дорад, ширкати русии Русал дар канори ҳукумати Тоҷикистон ва дар муқобили ширкати Ансол қарор доштааст. Ва аммо корхонаи арзизи тоҷик,ки ҳоло давлати Тоҷикистон барномаи хусусигардонии онро то соли 2009 ба нақша гирифтааст,аз бузургтарин муассисоти саноатии ин кишвар буда, солона беш аз чаҳорсад ҳазор тонна алюминий тавлид мекунад.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG