Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини сафирони нави Тоҷикистон дар Русия ва САҲА


Мутобиқи фармонҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон бархе аз масъулони мақомоти баландпояи ин кишвар ахиран ба симатҳои нав мансуб шуданд.



Бар асоси фармонҳои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Абдумаҷид Достиев- муовини аввали раиси Маҷлиси Намояндагон сафири Тоҷикистон дар Русия, Саймуддин Ятимов -муовини аввали вазири корҳои хориҷа сафир дар шоҳигарии Белжик ва Иттиҳодияи Аврупо ва Нуриддин Шамсов-сардори департаменти равобит бо созмон ва кишварҳои аврупоӣ дар вазорати корҳои хориҷа сафири Тоҷикистон дар Созмони амният ва Ҳамкории Аврупо таъин шуданд.

Аз миёни ин таъинот Абдумаҷид Достиев барои аввалин бор ба кори дипломатӣ ҷалб карда мешавад. То кунун оқои Достиев аз афроди наздик ба Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар ташкил ва таҳкими давлати феълӣ нақши муассир доштааст. Ӯ то иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ депутат ва ҳамзамон раиси кумитаи иҷроияи собиқ ноҳияи Коммунистӣ дар вилояти Қурғонтеппа буд. Ва дар ин иҷлосия ӯ муовини раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуда, тайии понздаҳ сол дар ҳамин симат фаъолият мекунад.


Оқои Достиев дар ду навбати музокироти миёни тоҷикон роҳбарии ҳайати ҳукуматиро ба ӯҳда дошт ва баъди ба фаъолият шурӯъ кардани Комиссияи оштии миллӣ муовини раиси он буд. Сайфулло Сафаров- муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин бовар аст,ки Абдумаҷид Достиев табиатан дипломат буд. Ва аммо Саймуддин Ятимов ,ки дар вазифаи сафири Тоҷикистон дар Белжик Эркин Қосимовро иваз кардааст, то таъиноташ дар мақоми муовини сафири Тоҷикистон дар Эрон , муовини вазири амнияти миллӣ ва ниҳоят муовини аввали вазири хориҷа фаъолият кардааст. Ӯ ба забони англисӣ хеле равону фасеҳ сӯҳбат мекунад ва дар ҳоли ҳозир,ки Тоҷикистон бештар мойили ҳамкорӣ бо кишварҳои аврупоист, забондонии ӯ ба таъиноташ беасар набудааст.

Ба бовари Сайфулло Сафаров- муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъиноти Нуриддин Шамсов ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо таҷрибаи кории ӯ дар вазорати хориҷа сабаб шудааст. Нуриддин Шамсов-тайи понздаҳ соли ахир масъулиияти раёсати равобит бо кишварҳои аврупоӣ ва созмонҳои байналмилалии ғарбӣ дар идораи сиёсати хориҷаи Тоҷикистонро ба ӯҳда доштааст. Тибқи фармони дигари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Абдумаҷид Достиев рутбаи дипломатии сафири фавқуллода ва мухтор дода шудааст.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG