Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Олмерт: Иштибоҳ истеъфоро дар пай нахоҳад дошт!


Баъди нашри гузориши интиқодӣ доир ба амалкарди раҳбарони Исроил дар ҷанги Лубнон нахуствазири он кишвар Эҳуд Олмерт эълом дошт, ки аз мақомаш истеъфо нахоҳад дод.


Дар як суханронии телевизиониаш Эҳуд Олмерт изҳор дошт, ки хулосаҳои он гузоришро иҷро хоҳад кард ва эътироф намуд, ки дар он ҷанг ба иштибоҳҳо роҳ додаанд.


Дар гузориш нахуствазир Эҳуд Олмерт, вазири дифоъ Амир Перетз ва фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ генерал Дан Ҳалутз барои шитобкорӣ дар ҷанг бо "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон дар тобистони соли гузашта башиддат танқид шуда буданд.
XS
SM
MD
LG