Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баста шудани як сомонаи интернетӣ дар Эрон


Эрон нашри сайти интернетии муҳофизакори кишварро, ки маъруф ба интиқодҳои шадид аз сиёсати раиси ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод аст,барои бори дуюм дар се моҳи охир масдуд кард. Оҷонсии ИСНО-и созмони донишҷӯён дирӯз дар нақли қавл аз Шӯрои давлатии кишвар навишт, ки ин Шӯро шикояти зидди вебсайти интернетиро мавриди санҷиш қарор дода ба чунин натиҷа расид, ки он бояд баста шавад.




Дар ҳамин ҳол, дар таҳаввулоти дигар аз Эрон гуфта мешавад, ки дар шароити фишори зиёд болои поймолкунандаҳои муқаррароти либоси исломӣ дар ин кишвар ба сартарошҳои ин кишвар дастури нав дода шудааст. Ин бахши косибон ҳамакнун ҳақ надоранд ба мардони эронӣ қайчизании мӯйсарро ба тарзи ғарбӣ пешниҳод кунанд, вагарна муҷозот мешаванд.
XS
SM
MD
LG