Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали амрикоӣ: "Вазъи Ироқ шадидан вазнин аст"


Генерали баландпояи амрикоӣ дар Ироқ Дейвид Петроус гуфт, ки вазъи Ироқ шадидан вазнин аст. Петрос дирӯз дар баробари хабарнигорон дар Пентагон гуфт, ки талошҳои ҷангии Амрико дар Ироқ бо чолишҳое рӯбарӯ мешавад, ки вай то ҳол аз замони сарбозиаш шоҳид нашуда буд.


Генерали чаҳорситорадор гуфт, ки ҳафтаҳои охир баъди ирсоли артиши иловагии амрикоӣ ба Ироқ дар ин кишвар баъзе пешравиҳо ба назар расидааст. Ва аммо аз назари вай ҳанӯз кори зиёд дар пеш аст.


Петроус гуфт, ки таркишҳои мошинҳо, ки аз пурқурбонитарин ҳамлаҳои шӯришиён мебошанд, ҳанӯз ҳам идома доранд. Вай гуфт, ки пеш аз ҳама ин ҳамлаҳо алайҳи сокинони мулкӣ нигаронида шудааст.


Петроус бо ин изҳорот дар баробари Сенати Амрико, дар соатҳое суханронӣ кард, ки маҷлиси болоии парлумони ин кишвар қабули қонуни ихроҷи нирӯҳои амрикоӣ аз хоки Ироқро моҳи октябри имсолро баррасӣ мекард. Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, ки ин қонунро вето хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG