Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҷагиҳои деҳқонӣ аз қарз раҳо меёбанд


Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст қарзи воҳидҳои кишварзии пахтакорро, ки аз ширкатҳои сармоягузор доранд, пардохт намояд. Муродалӣ Алимардонов, райиси Бонки миллии Тоҷикистон тайи баргузории як нишасти матбуотӣ гуфт, аз соли 1997 ба ин сӯ хоҷагиҳои деҳқонии кишвар ба далели заъфи коргузорӣ ва адами маблағгузории давлат баъди ҷанги шаҳрвандӣ аз ширкатҳои фючерсӣ 400 миллион доллар қарздор шудаанд.


Оқои Алимардонов гуфт, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии рушд мувофиқа кардаанд, ки як маротиба ба ҳукумати Тоҷикистон кӯмак кунанд, то воҳидҳои кишоварзӣ аз ин қарзҳо озод шавад. Райиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд: «қарзи хоҷагӣ сифр мешавад, аммо мо маблағи сармоягузорро медиҳем. Сад фоиз не, қисми муайянашро. Масалан, аудит маълум мекунад, ки 10 фоиз кам мешавад ё 20 фоиз. Худи онҳо ба ин розӣ ҳастанд. Аз дигар тараф сектори хусусиро мо набояд кушем, дарро набандем. Агар мо як бор пули онҳоро надиҳем, инвесторҳо намеоянд, пагоҳ мегӯянд, ки Тоҷикистон пули моро ҳам намедиҳад»


Оқои Алимардонов гуфт, барои танзими ин раванд як оҷонсие рӯйи кор хоҳад омад, ки масоили марбут ба қарзро баррасӣ хоҳад кард. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, соҳаи пахтакориии кишварро 52 ширкати фючерсӣ маблағгузорӣ мекунанд ва аксари онҳо ширкатҳои муштарак мебошанд.
Муродалӣ Алимардонов, райиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, дар авохири моҳи май Ҳукумати Тоҷикистон эълом хоҳад дошт, ки аз ин ба баъд ҳеҷ як хоҷагии деҳқонӣ аз ширкатҳои фючерсӣ қарздор намебошад.

Фарҳоди Мелод, Душанбе
XS
SM
MD
LG