Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Аҳмадинажод омодаи гуфтугӯи мустақим бо Буш аст

Раиси ҷумҳурии Ирон Маҳмуди Аҳмадинаҷод гуфт, ки вай омода аст, бо ҳамтои амрикоиаш Ҷорҷ Буш вориди гуфтугӯи мустақим шавад.


Саҳфаи интернетии телевизиони давлатии ал-Олами Ирон дар нақли қавл аз Аҳмадинаҷод навишт, ки раиси ҷумҳури Ирон омода аст бо Буш роҷеъ ба масоили дуҷонибаи миёни Теҳрону Вашингтон ва инчунин масоили минтақаиву байналмилалӣ музокира кунад. Раҳбари Ирон гуфтааст, ки ҳама музокирот бо Буш бояд дар ҳузури расонаҳои хабарӣ сурат гирад.


Гордон Ҷондро, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед гуфт, ки ИМ омода аст бо Ирон вориди музокирот шавад, дар сурате, ки Теҳрон нахуст тақозоҳои ҷомеаи байналмилалиро барои хатми фаъолиятҳои ғанисозии ураниум иҷро кунад. Ҷондро аз Аҳмадинаҷод даъват кард, ки ба ҷои ба қавли ӯ "пешниҳоди музоҳираҳои телевизионӣ ва ё намоишҳо расонаӣ" ба хатми ғанисозӣ иқдом кунад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Қатли Нозанини 21-сола. Толибон гуфтанд, кори онҳо набуд

A

Пулиси вилояти Балхи Афғонистон мегӯяд, Толибон як хонуми ҷавонро барои он ба қатл расонданд, ки дар тан либоси танг дошт ва бидуни маҳрам (марде аз наздиконаш) аз хона берун шуда буд.

Рӯзи 3-уми август раиси пулиси вилояти шимолии Балх Зиё-ул-ҳақ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар деҳае рӯй дод, ки зери назорати Толибон аст. Сухангӯи пулиси Балх дирӯз иброз дошт, ки номи ин хонуми 21-сола Нозанин буд ва ӯ мехост савори мошин шуда, ба шаҳри Мазори Шариф сафар кунад.

Ба гуфтаи Одил, зан дар сар бурқа кашида буд. Сӯхангӯи Толибон Забиҳулло Муҷоҳид айбномаро рад кард ва афзуд, ки ҳамла мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

Тимановская дар Полша суханронӣ хоҳад кард

Тимановская рӯзи 3 август ба саволҳои Associated Press посух дод

Кристина Тимановская, варзишгари аз Беларус фироркарда қарор аст шоми 5-уми август дар шаҳри Варшаваи Полша, ки ин ҷо таҳти ҳимояти дипломатии ин кишвар қарор гирифта дархости паноҳандагӣ додааст, дар баробари хабарнигорон суханронӣ мекунад. Варзишгари 24-сола, ки таҳти фишори раҳбарияти варзишии кишвар қарор гирифту қариб буд маҷбуран ба Беларус бурда мешуд, аз нишастан ба ҳавопаймои самти Токио-Минск худдорӣ кард. Ҳамсараш ҳам ҳамзамон кишварро тарк карда қарор аст, ки ба ӯ ҳамроҳ шавад.

Полша, ҳамсояи аврупоии Беларус ба ҳамсарон визаи гуманитарӣ ва ваъдаи таъмини амният додааст.

Саргузашти Тимановская дар бозиҳои имсолаи олимпӣ як моҷарои калоне барпо ва бори дигар таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба фазои саркӯбгаронаи режими Александр Лукашенко равона намуд. Ахиран писари Лукашенка – Виктор раҳбарии Кумитаи олимпии Беларусро ба ӯҳда гирифт, вале ин қарорро Кумитаи байналмилалии Олимпӣ эътироф накардааст.

Раҳбари нави дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистону Туркманистон

Озан Севимли шаҳрванди Олмон буда, солҳои тӯлонӣ дар сохторҳои мухталифи Бонки Ҷаҳонӣ кор кардааст

Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, аз 2-юми август иқтисодшиноси ботаҷриба Озан Севимли мудири нави барномаҳои ин ниҳоди байналмилалии молӣ дар Тоҷикистон таъин шудааст. Дар ин мақом ӯ Ян-Петер Олтерсро иваз кард, ки чор соли охир раҳбари дафтари БҶ дар ин ду кишвари Осиёи Марказӣ буд. Ба навиштаи дафтари матбуоти Бонки Ҷаҳонӣ, Озан Севимли аз соли 2005 ба ин сӯ дар мақомҳои мухталифи ин сохтор дар кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ, Африқо, Амрикои Лотин ва минтақаҳои Карриб кор кардааст. Вазифаи охирини ӯ пеш аз таъин шудан ба мудирияти кори БҶ дар Тоҷикистону Туркманистон – намоянда дар Ямайка ва Гуяна будааст, ки буҷаи кориаш ним миллиард долларро ташкил медод. Худи Озан Севимли гуфтааст, ки аз таъиноти наваш хушнуд аст ва “авлавияти кор дар моҳҳои наздик ин мешавад, ки кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ба ду кишвар дар шароити эҳёи баъди пандемия ва расидагӣ ба мушкилоти иқтисодиву беҳдоштӣ бо беҳтарин шакл сурат гирад”.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки шурӯъ аз моҳҳои аввали соли 2020 ин ниҳод барои муқобила бо пандемияи COVID-19 ва дастгирии қишрҳои нодор 32,5 миллион доллар, аз ҷумла 8,63 миллион доллари ин маблағ барои эмкунӣ бар зидди COVID-19 равона кардааст. Ба Туркманистон кӯмаки ин ниҳод 20 миллион доллар қарзро ташкил додааст.

Ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, кӯмакҳои моливу таҳлилии ин ниҳод ба Тоҷикистон аз соли 2017 се баробар афзуда, аз 366 миллион доллар дар чор соли пеш ба 1,2 миллиард доллар дар соли 2021 афзоиш ёфтааст.

Муқаррароти нави сафар дар ИМА ва Бритониё дар шароити пандемия

Як фурудгоҳи ИМА. Тирамоҳи соли 2020

Маъмурияти Байден дар талоши ин аст, ки ба ҳама хориҷиҳои вориди ИМА шаванда талаботи эмшавӣ бар зидди коронавирусро ҷорӣ кунад. Дар ин бора 4-уми август Кохи Сафед хабар дод. Дар ҳамин ҳол Бритониё гуфтааст, ки қоидаҳои сафарро ба ин кишвар сабуктар мекунад. Маъмурияти Байден маҳдудиятҳои марбут ба сайру сафарҳои байналмилалӣ ба ИМА-ро тағйир надодааст, вале ҳоло мегӯяд, ки барои хориҷиҳое, ки пурра эм карда шудаанд, шароити “бехатари” ворид шудан ба кишварро фароҳам мекунад. Мақомот ҷузъиёти бештар надоданд.

Бритониё бархе қоидаҳои вурудро тағйир додааст. Аз ҷумла, барои онҳое, ки аз Фаронса ворид мешаванд, ҳатто агар пурра эм шудаанд, карантини ҳатмӣ талаб мешавад. Дар ҳамин ҳол, баъди дар Чин ошкор шудани ҳодисаҳои зиёди олудагӣ ба навъи “Делта”-и коронавирус, сафар аз ин кишвар ба берун маҳдуд мешавад. Ҷопон, ки бозиҳои олимпиро мизбонӣ мекунад, бо сабаби афзоиши ҳодисаҳои олудагӣ маҳдудиятҳои иҷтимоиро дар ҳашт минтақаи дигари кишвар тамдид хоҳад кард.

Хонаводаии Сомон Маҳмадбеков дар Хоруғ мактаби гӯштӣ месозад

Истиқболи гарми Сомон Маҳмадбеков дар фурудгоҳи Душанбе баъди бурдани ҷоми ҷаҳон оид ба ҷудо. 24-уми октябри соли 2019

Хонаводаи Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони тоҷик ният дорад дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон толор ва мактаби гӯштиро бунёд карда, онро бо устодони варзида таъмин намояд. Дар ин бора Сомон Маҳмадбеков ҳамроҳ бо бародар ва падараш - Моёншо Маҳмадбеков, мураббии ҷудо дар мулоқот бо раиси вилоят Ёдгор Файзов хабар додааст. Сафари Сомон ба вилоят баъди баргаштанаш аз бозиҳои олимпии Токио сурат гирифт. Ёдгор Файзов оилаи варзишгарони тоҷикро барои сӯҳбат пазируфта аз ташаббуси онҳо дастгирӣ кардааст.

Хонаводаи Маҳмадбековҳо, дар вилояти Иркутски Русия ба сар мебарад ва Сомон дар сабқатҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ӯ дар бозиҳои олимпии Токио дар риштаи гӯштини дзюдо ба ду рақиби худ ғолиб омада, аз намояндаи Озарбойҷон шикаст хӯрд.

АП: Дар Панҷакент мусофиронро нагузоштанд ба марзи Узбекистон гузаранд

2 августи соли 2019. Гузаргоҳи марзии Узбекистону Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Панҷакент он замон ба таври маъмулӣ кор мекард

Хабаргузории Азия-Плюс менависад, дирӯз даҳҳо тан дар назди бинои ҳукумати шаҳри Панҷакент ҷамъ омаданд. Онҳо мусофироне мебошанд, ки мебоист тариқи гузаргоҳи “Саразм” – “Ҷартеппа” ба Ӯзбекистон рафтаву аз он ҷо ба Русия парвоз мекарданд. Аммо аз шаби 3-юми август гузаргоҳи марзӣ баста шуда, мусофироне, ки аксарият сокинони Панҷакент мебошанд, ҳайрон мондаанд. Сабаби баста шудани марзро мақомот тавзеҳ надодаанд, аммо раиси шаҳр ба назди ҷамъомадагон баромада, ваъда додааст, ки мушкилашонро баррасӣ мекунанд. Бинобар баланд будани нархи билет аксари муҳоҷирони тоҷик моҳҳои охир Узбекистонро ба ҳайси кишвари транзитӣ истифода мебаранд. Аз ин пештар онҳо шикоят карда буданд, ки марзбонони тоҷик барои убури сарҳад ришва мегиранд.

Рейдҳои зидди муҳоҷирон дар Русия дар давраи пандемия ҳам бас нашуд

Муҳоҷирони корӣ дар давраи пандемия

Дар Санкт-Петербург намояндагони ҳифзи ҳуқуқ дар даҳҳо нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва 30 макони истиқоматии шаҳрванди хориҷӣ рейд гузаронда, иҷрои қонунгузории муҳоҷиратро тафтиш кардаанд. Хадамоти давлатии муҳоҷирати ин шаҳр мегӯяд, дар натиҷа беш аз 250 нафар ба шӯъбаҳои пулис бурда шуда, дар ҳуҷҷатҳои 176 нафарашон камбудӣ ёфтаанд. Ҳамаи онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ҳамчунин даҳҳо нафари дигарро барои майдаавбошӣ ва нӯшидани машруботи спирӣ дар маконҳои манъшуда ҷарима бастанд. Бар илова, кормандони пулис дар роҳҳо низ мошинҳоеро, ки сари чанбараш муҳоҷирон менишастанд, тафтиш кардаанд. Ин мошинҳо асосан "Жигули" ва "Газел"-ҳои қадимӣ буданд. Дар пайи рейд ду мошини мушкилдор мусодира ва ҳамчунин як нафаре, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштааст, боздошт гардид.

Баргузории рейдҳои зидди муҳоҷирон, ки бисёр вақт бо таҳқиру поймолкунии ҳуқуқи онҳо ҷараён мегирад, дар ҳолест, ки бо пандемияву маҳдудиятҳои сафар ва кор, Русия ба нирӯи арзони корӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодаш ниёз дорад.

Русия макони кору зиндагии даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аст, вале муқаррароти сангини ин кишвар нисбати муҳоҷирони кории хориҷӣ ҳамеша мавриди интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ мебошад.

Қатли Нозанини 21-сола. Толибон гуфтанд, кори онҳо набуд

Ин духтарак мисли садҳо сокини дигари Мазори Шариф бо юриши Толибон аз маконҳои зисти худ фирор кардааст

Полиси вилояти Балхи Афғонистон мегӯяд, Толибон як хонуми ҷавонро барои он ба қатл расонданд, ки дар тан либоси танг дошт ва бидуни ҳамроҳии марде аз хона берун шуда буд. Рӯзи 3-уми август раиси полиси вилояти шимолии Балх Зиё-ул-ҳақ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар деҳае рӯй дод, ки зери назорати Толибон аст. Сухангӯйи полиси Балх дирӯз иброз дошт, ки номи ин хонуми 21-сола Нозанин буд ва ӯ мехост савори мошин шуда, ба шаҳри Мазори Шариф сафар кунад. Ба гуфтаи Одил, зан дар сар бурқа кашида буд. Сӯхангӯйи Толибон Забиҳулло Муҷоҳид айбномаро рад кард ва афзуд, ки ҳамла мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

Президенти нави Эрон дар парлумон савганд ёд мекунад

3-ми август, Теҳрон. Президенти пешин Ҳасани Рӯҳонӣ ба раиси ҷумҳурии нави Эрон Иброҳим Раисӣ дафтари кории худро месупорад

Иброҳим Раисӣ, президенти нави Эрон рӯзи 5-уми август дар баробари маҷлиси ин кишвар маросими савгандёдкунии дузинаиро ба охир мерасонад. Раисӣ дар ҳоле ба кор шурӯъ мекунад, ки Ҷумҳурии Исломӣ бо сабаби таҳримҳои ИМА ғарқи мушкилоти сангини иқтисодӣ, бӯҳрони беҳдоштӣ ва дар байни муколамаи бисёр печидаи ҳастаӣ бо қудратҳо барои барқарории созиши соли 2015 қарор дорад.

Раисӣ дар гузашта дар мақоми раиси додгоҳи олӣ кор карда, аз ҷониби ИМА барои нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, содир кардани ҳукмҳои қатли зиндониҳои сиёсӣ таҳрим шудааст.

Рӯзи 3-юми август мақоми президентии ҳуқуқшиноси собиқи баҳсбарангезро раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ тасдиқ кард. Раисии муҳофизакор дар ин мақом президенти нисбатан мӯтадил Ҳасани Рӯҳониро иваз мекунад, ки дастоварди азимтарини ӯ дар ин мақом имзои созишномаи ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ будааст. Ин созиш ҳамкориҳои наздики Эронро дар масоили марбут ба барномаи ҳастаиаш бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бар ивази бекор кардани таҳримҳои иқтисодӣ пешбинӣ мекард. Вале соли 2018 президенти ИМА Доналд Трамп ба таври якҷониба ин созишномаро тарк карда, таҳримҳои иқтисодиро болои Эрон барқарор намуд.

Ҳалли масоили иқтисодӣ ва ҳам эҳёи дубораи созишномаи ҳастаӣ яке аз муҳимтарин чолишҳои Раисӣ хоҳад буд. Зоҳиран, бо ҳадафи таъкид ба зарурати идомаи муколамаҳои ҳастаӣ, Энрике Мора, дипломат ва музокиракунандаи Иттиҳоди Аврупо дар умури ҳастаӣ дар маросими савгандёдкунӣ иштирок хоҳад кард.

500 сомонӣ ба ҳар оилаи камбизоат дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳар сокини сеюм камбизоат шумурда мешавад

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки додани кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат дар кишвар оғоз шудааст. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба 165 ҳазор оила дар ҳаҷми 500 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад. Ин маблағҳо дар доираи кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ аст, ки моҳи май ба Тоҷикистон дода буд.

Ба навиштаи хабаргузории давлатии “Ховар”, додани кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат моҳи август оғоз шуда, то охири сол давом мекунад. Дар марҳилаи аввал дар моҳи август ба 84 ҳазор оилаҳои камбизоат, ки дар хона кӯдакони то 7-сола доранд 500 сомонӣ пул медиҳанд. Баъдан моҳҳои сентябр-октябр ба 56 ҳазор хонавода ва моҳҳои ноябр-декабр ба 25 ҳазор оила чунин кӯмакпулиҳо дода мешавад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон моҳи июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин кӯмакҳо се гуруҳи аҳолӣ баҳраманд хоҳанд шуд, оилаҳои камбизоате, ки кӯдакони то 7-сола доранд, оилаҳои камбизоате, ки кӯдакони маъюби то 18-сола доранд ва оилаҳое, ки саробонаш занонанд ва кӯдакони то 16-сола доранд.

Тақсими кӯмакҳо барои камбизоатон ҳамеша дар Тоҷикистон интиқодҳоро ба вуҷуд меорад. Бархе сокинон мегӯянд, бо вуҷуди шароити вазнин онҳоро ба рӯйхати шахсони камбизоат ворид намекунанд ва ҳамин тавр онҳо аз дарёти кӯмакҳо маҳрум мемонанд.

Дар хабари расмии Ховар омадааст, “интихоби оилаҳои камбизоат барои расонидани кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ дар заминаи механизми амалкунандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ” амалӣ мегардад. Ин бори дувум аст, ки Тоҷикистон дар замони пандемиия бо пули созмонҳои ҷаҳонӣ ба хонаводаҳои камбизоат кумак мекунад.

Пеш аз ин, дар чаҳорчӯби як тарҳи ёрии иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ ба 50 ҳазор оилаи нодор ёрии якдафъаина расонда буд. Он вақт низ ба оилаҳои камбизоат 500 сомонӣ доданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, 30 дарсади аҳолӣ ҳанӯз дар ҳоли тангдастӣ ба сар мебаранд.

Дар давраи пандемияи коронавирус ва аз кор маҳрум шудани садҳо нафар дар Тоҷикистону Русия эҳтимол шумораи чунин хонаводаҳо бештар шуда бошад

Halyk Bank дар Тоҷикистон баста мешавад

Шаҳри Шимкент, Қазоқистон. Навбатпоӣ дар назди банкомати Halyk bank

Бонки халқии Қазоқистон эълон кард, ки бонки зертобеашро дар Тоҷикистон барҳам медиҳад. Намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон бо номи «Халиқ бонк Тоҷикистон» фаъолият мекунад ва аз бонкҳои фаъоли кишвар аст. Вале Бонки халқии Қазоқистон рӯзи 4-уми август хабар дод, ки бо қарори Шӯрои директорон бонки зертобеашро дар Тоҷикистон ихтиёран барҳам медиҳад.

«Мутобиқи стратегияи рушди соҳаҳои ояндадори тиҷорат, Halyk Group тасмим гирифт, ки аз лоиҳа дар Тоҷикистон даст кашад то тамоми захираҳо ва саъю кӯшиши Гурӯҳро ба лоиҳаҳои самаранок ва фоидаовар равона созад,”-омадааст дар хабари расмии Бонки халқии Қазоқистон.

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора расман шарҳе надодаанд. «Халиқ бонк Тоҷикистон» яке аз 15 бонки Тоҷикистон мебошад, ки тибқи маълумоти расмӣ 34 миллион сомонӣ сармояи оинномавӣ дорад.

Дар соли равон ин сеюмин бонки Тоҷикистон аст, ки барҳам мехӯрад. Пештар бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон, «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиронбонк» низ барҳам хӯрданд.

Дар Русия ду расонаи мунаққиди Кремлин баста шуд

Эътирози зидди фишорҳои сиёсӣ дар Русия

Чанд ҳафта пеш аз интихоботи парлумонӣ ва дар идомаи фишор болои матбуот, Идораи танзимкунандаи кори матбуоти Русия ду вебсайти хабарии мунаққиди Кремлинро баст. Шурӯъ аз 3-уми август барои корбарони интернет дар Русия дастрасӣ ба “Открытые медиа” ва “МБХ медиа” масдуд шудааст. Ин ду расона гуфтанд, ки дар бораи сабабҳои баста шудани вебсайтҳояшон аз мақомот ҳеҷ огаҳии қаблӣ дарёфт накардаанд. Ин ду расона аз ҷониби мунаққиди Кремлин Михаил Ходорковский пуштибонӣ мешаванд. Соҳибкор ва сарватманди маъруф, ки барои ба чолиш кашидани президент Владимир Путин 10 солро дар зиндон пуштисар кард, дар Лондон зиндагӣ мекунад. Ба иттилои “МБХ медиа”, вебсайт аз ҷониби Роскомнадзор баста шудааст. “Открытые медиа” ҳам дар изҳороташ гуфт, ки Роскомнадзор ин вебсайтро ба феҳристи расонаҳое ворид кардааст, ки ба шӯриш ва фаъолиятҳои тундгароёна даъват мекунад.

Дар чанд соли охир идораи танзимкунандаи кори матбуоти Русия чандин журналист ва расонаро ба ҳайси “агенти хориҷӣ” ва созмони “номатлуб” ба қайд гирифтааст, ки ҳадафаш таҳти фишори иловагӣ қарор додани ин расонаҳо мебошад.

Тоҷикистон аз САҲА хост, "шахсони ҷиноятпеша"-ро дар чорабиниҳояш роҳ надиҳад

Додситони кулли Тоҷикистон аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо хостааст, ки "шахсони ҷиноятпеша"-ро дар чорабиниҳои ин созмон роҳ надиҳад. Дар хабарномаи Додситонии кулли Тоҷикистон аз ин афрод ё гурӯҳҳо ба таври мушаххас ном бурда нашудааст. Аммо дар гузашта Душанбе аз иштироки намояндагони Ҳизби дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнуи наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" дар чорабиниҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, норозигӣ карда буд.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон ин мавзуъро рӯзи 2-юми август дар мулоқот бо мудири Маркази пешгирии низоъҳои САҲА - ҳамзамон муовини раҳбари Котиботи САҲА Туула Юреля ва роҳбари Раёсати хатарҳои фаромиллии САҲА Купчина Елена Николаевна, матраҳ кардааст. Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон дар сафари аврупоии худ ҳамчунин масъалаи истирдоди "ҷинояткорони дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта ва хавфи онҳо ба Иттиҳоди Аврупо"-ро дар миён гузоштааст.

Ҳануз маълум нест, ки посухи САҲА ба ин дархости ҷониби Тоҷикистон чӣ ҳаст. Аммо Додситонии кулли Тоҷикистон хабар додааст, ки дар оянда сафари корӣ ва тахассусии раҳбарияти САҲА ба Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.

Додситони кулли Тоҷикистон дар ин сафари аврупоии худ аз Олмон, Лаҳистон ва Австрия ҳам дидан намуд ва бо мақомоти додситонии ин кишварҳо гуфтугӯ кард.

Дар нишасти САҲА аз даҳҳо кишвари узви созмон намояндагони мухолифин, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳукумат иштирок ва мавзуъҳои ҳуқуқи башару озодиҳои сиёсиро баррасӣ мекунанд. Нишастҳои байналмилалӣ бо ширкати намояндагони давлат ва мухолифонашон, ки дар Аврупо паногоҳи сиёсӣ ёфтаанд, аксаран зимни моҷароҳо расонаӣ мешаванд.

Панҷ соле пеш ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ба нишони эътироз аз ширкати мухолифин толори нишасти САҲА дар Варшаваро тарк кард. Пас аз он хабаргузории давлатии “Ховар” ҳушдор дод, ки дафтари ин созмон дар Тоҷикистон баста мешавад ва намояндагони давлат бо мухолифон сари як миз намешинанд.

Аз соли 2015 ба ин тараф садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои паноҳҷӯйӣ ва кору иқомат ва таҳсил ба кишварҳои аврупоӣ рафтаанд. Дар миёни онҳо ҷонибдорони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, "Гуруҳи 24", хабарнигорону тоҷирон, ҳомиёни ҳуқуқ ва пайравони равияҳое ба монанди салафия низ ҳастанд.

Аксари ин афрод далели паноҳҷӯйӣ дар кишварҳои аврупоиро ба таъқибу саркӯб ва фишори афзоянда болои дигарандешон дар Тоҷикистон ва парвандаҳои сохта ба зидди онҳо рабт медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон баъзе аз онҳоро расман ба терроризму ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар кишвар муттаҳам кардаанд.

Коршикании кормандони як ширкати хусусӣ дар Қазоқистон идома дорад

Коршикании кормандони ширкати хусусии "АBUEV GROUP".

Коршикании кормандони ширкати хусусии "АBUEV GROUP" дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон рӯзи шашум аст, ки идома дорад.

Ошпаз, фаррош ва боркашҳои ширкат аз рӯзи 30 июл ба ин сӯ ба кор намебароянд. Онҳо талаб доранд, ки кормандони зан низ ба ҳайси корманди расмӣ сабтином ва шароити корияшон беҳтар карда шавад.

"Раиси Жанаозен Максат Ибагаров 3 август омада, гуфт, ки наметавонад ин мушкилро ҳал кунад. Аз мо хостанд, шартномаеро имзо кунем, ки на сана гузошта шудааст ва на номи ширкат дар он омадааст. Мо розӣ нашудем. Мо то талабҳоямон иҷро нашавад, аз эътироз даст намекашем",- гуфт яке аз эътирозгарон 4 август.

Кормандони норозӣ бо нашри муроҷиатномаи видеоӣ аз раиси Иттиҳодияи ширкатҳои нафткаши Қазоқистон Асхат Дуйсалиев ва раиси вилояти Мангистау Серикбой Трумов хостаанд, ба қазия дахолат кунанд.

Ин бори аввал нест, ки дар Қазоқистон нафткашҳо бо талаби маоши бештар коршиканӣ мекунанд. Танҳо дар давоми як моҳи ахир кормандони беш аз 10 ширкат дар Жанаозен корпартоӣ кардаанд.

Сарвазири пешини Қирғизистон Темир Сариев 2 моҳ ҳабс шуд

Темир Сариев, нахустивазири пешини Қирғизистон.

Додгоҳи Якуми майи шаҳри Бишкек сарвазири пешини Қирғизистон Темир Сариевро, ки дар доираи парвандаи кони тилои "Қумтор" дастгир шуда буд, ду моҳ ҳабс кард. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 3 август хабар дод, ки Темир Сариев ҳам боздошт шудааст.

"Сариев ҳангоми вазири иқтисод ва ҳамзамон раиси комиссияи дахлдор буданаш ҳаҷми хисороти зистмуҳитиро дар пайи коркарди кони "Қумтор" чандин миллиард сом кам нишон додааст", - омада буд дар иттилоияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

Дар доираи парвандаи кони тилои "Қумтор" то ин замон даҳҳо мансабдори баландпояи пешин ва кунунии Қирғизистон, аз ҷумла вакилони порлумон Асилбек Ҷеенбеков ва Торобой Зулфиқоров, вакилони пешин Исҳоқ Пирматов ва Талантбек Узакбоев, инчунин сарвазири пешини Қирғизистон Омурбек Бабанов боздошт шудаанд. Ахиран президенти нахустин ва фирории Қирғизистон Аскар Оқоев низ дар доираи ин парванда ба ватан оварда шуд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 17 май ба девони вазирон дастур дод, ки дар ширкати "Қумтор Голд Компани" мудирияти муваққат ҷорӣ кунад.

Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Онро ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекард.

САҲА ба интихоботи Русия нозиронашро намефиристад

Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар сӣ соли охир бори аввал ҳайаташро барои назорат аз интихоботи қарибулвуқӯи Русия нахоҳад фиристод.

Масъулони созмон 4-уми август ин тасмимро ба “маҳдудиятҳо”-е вобаста донистанд, ки ҷониби Русия дар аҳди пандемия ҷорӣ кардааст.

"Хеле таассуфовар аст, ки интихоботи қарибулвуқӯи Русияро назорат карда наметавонем", -- гуфт Маттео Мекаччи, мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ODHIR). Вай афзуд, "пойфишориҳои мақомоти Русия дар бораи маҳдуд кардани шумори нозирон" ба ин кор сабаб шуд.

САҲА яке аз ниҳодҳои муҳими ҷаҳонӣ дар мавриди назорат аз интихоботҳо аст. Созмон бо ҳадафи озоду одилона гузаштани маъракаҳои сиёсӣ нозиронашро ба 57 кишвари узв мефиристад.

Шаҳрвандони Русия рӯзи 19-уми сентябри имсол вакилони палатаи поёнии порлумон (Думаи давлатӣ), инчунин, аъзои 39 маҷлиси минтақаӣ ва 9 волии вилоятро интихоб хоҳанд кард.

Кремлин дар остонаи интихобот бисёре аз чеҳраҳои сиёсии мухолифин ва расонаҳои мустақилро саркӯб намуд. Ба чанде аз намояндагони мухолифин, ки бо Алексей Навалний, сиёсатмадори зиндонӣ иртибот доштанд, иҷозаи иштирок дар интихоботро надоданд.

Шумори гирифторони COVID-19 дар Эрон аз 4 миллион кас гузашт

Танҳо дар як шабонарӯзи гузашта дар Эрон фавти беш аз 400 кас аз коронавирус сабт шудааст

Вазорати тандурустии Эрон рӯзи 4-уми август гуфт, ки шумори расмии гирифторони коронавирус дар ин кишвар аз 4 миллион кас бештар шуд.

Танҳо дар шабонарӯзи охир тақрибан чиҳил ҳазор мавриди сирояти бемориро сабт кардаанд. Ба иттилои расмӣ, дар умум, дар Эрон беш аз 92 ҳазор кас бар асари COVID-19 ҷони худро аз даст додаанд.

Гумон меравад, шумори воқеии беморону қурбониён дар ин кишвари 83-миллионнафарӣ ба маротиб бештар аст.

Афзоиши теъдоди беморону қурбониён дар ҳолест, ки маъракаи эмкунӣ ба зидди коронавирус дар Эрон суст пеш меравад.

Раҳбари олии ин кишвар, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, рӯзи 2-юми август барои андешидани "чораҳои зарурӣ" дастур дод. Аз он пеш, Саид Намакӣ, вазири тандурустии Эрон, хоҳони ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барои ду ҳафта шуд.

Сафари гузоришгари СММ дар умури озодиҳои мазҳабӣ ба Узбекистон

Аҳмад Шаҳид

Аҳмад Шаҳид, гузоришгари хоси Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодиҳои мазҳабӣ, моҳи сентябри имсол ба Узбекистон сафар хоҳад кард.

Дар ин бора дар поёни мулоқоти сафири Узбекистон дар Амрико Ҷавлон Ваҳҳобов ва Аҳмад Шаҳид хабар дода шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои Узбекистон, Аҳмад Шаҳид изҳори омодагӣ кардааст, ки аввалҳои моҳи сентябри имсол барои роҳандозии барномаи кумаки фаннӣ бо дастгирии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии ба номи Ралф Банч ба Узбекистон биравад.

Дар доираи сафари гузоришгари махсуси СММ барои намояндагони идораҳои дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодияҳои динии Узбекистон давраҳои омӯзишӣ баргузор карда мешавад.

Аҳмад Шаҳид ҳамчунин гуфта, ки омодааст моҳи декабри соли равон низ барои иштирок дар Конфронси байналмилалии "Муколамаи эъломияҳо" ба Узбекистон биравад.

Тоҷикистону Туркманистон 19 санади нави ҳамкорӣ имзо карданд

Эмомалӣ Раҳмон (рост) ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов (чап)

Мақомоти Тоҷикистону Туркманистон 19 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар мавриди интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ, имзо карданд.

Маросим 4-уми август дар маркази Туркманистон, пас аз мулоқоти раҳбарони ду кишвар сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сафари расмӣ дар Ишқобод аст.

Тоҷикистону Туркманистон дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар солҳои 2021-2023; дар бахши нақлиёти роҳи оҳан; ҳамлу нақл, интиқоли мол ва мусофирон низ созишнома қабул карданд.

Ҷузъиёти санадҳо дастрас нест, аммо мавзӯи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар ин шабу рӯз барои Тоҷикистон муҳим дониста мешавад. Туркманистон кишвари саршор аз нафту газ аст. Тоҷикистон ин маҳсулотро аз хориҷа меорад ва моҳҳои охир нархи он дар дохил башиддат боло рафта, боис ба норозигии сокинон шудааст.

Санадҳои дигар аз ёддошту ҳамкории байни ниҳодҳо ва минтақаҳои ду кишвар иборат аст.

Тоҷикистону Туркманистон ба камияш се сол боз муносибати хуб надоранд. Равобити ду кишвар пас аз он ба мушкил печид, ки мақомоти Туркманистон соли 2018 ба мошинҳои Тоҷикистон иҷоза надоданд, аз қаламрави Эрон вориди ин кишвар шаванд. Мошинҳо аз Туркияву Эрон молу маҳсулот меоварданд.

Баъди баста шудани роҳи Туркманистон, мақомоти Тоҷикистон аз ронандагон хостанд, тавассути Озарбойҷон ба самти Тоҷикистон ҳаракат кунанд. Вале ронандаҳо мегӯянд, ҳангоми убур аз Озарбойҷон роҳи онҳо дароз ва харҷашон бештар мешавад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи президент, рӯзи 4-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи кушодани роҳи Туркманистон барои мошинҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд. "Инчунин, президентҳои ду кишвар истифода аз бандари байналмилалии "Туркманбошӣ"-ро ба манфиати ҷонибҳо донистанд", -- афзуд ӯ.

Равобити Тоҷикистону Туркманистон на ҳамеша чунин сарду то ҷое дучори мушкил будааст. Солҳои 90-ум Туркманистон аз аввалин кишварҳое будааст, ки барои садҳо ҳазор фирории ҷанги шаҳрвандӣ паноҳгоҳ ва шароити кору зиндагӣ фароҳам овардааст.

Сатҳи камбизоатиро дар Тоҷикистон беш аз 26% гуфтанд

Акс аз бойгонӣ

Сатҳи камбизотӣ дар Тоҷикистон беш аз 26 дарсадро ташкил медиҳад. Ин рақамро вазири рушди иқтисод ва савдо ҳангоми нишасти хабарӣ рӯзи 2-юми август эълон кард.

Ба гуфтаи Завқӣ Завқизода, тибқи стратегияи миллии рушд то соли 2030 шумори камбизоатон аз ҳисоби рушди иқтисод, шуғл ва афзоиши соҳаи иҷтимоӣ тадриҷан (оҳиста-оҳиста) кам хоҳад шуд.

Вале Бонки Ҷаҳонӣ соли гузашта гузориш дода буд, ки Тоҷикистон дар тӯли ду даҳсолаи охир суръати заифтарини иқтисодро аз сар мегузаронад ва интизор меравад суръати коҳиши фақр низ суст шавад.

Қабл аз пандемия дар Душанбе, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд коҳиши сатҳи камбизоатӣ ба мушоҳида расида буд. Вале дар вилоятҳои Хатлон ва Мухтори Куҳистони Бадахшон баръакс сатҳи камбизоатӣ афзоиш ёфт.

Бонки Ҷаҳонӣ шахсеро, ки дар як рӯз камтар аз 20 сомонӣ барои худ харҷ мекунад, "сахт фақир" мешуморад

Идомаи ҷанги артиши Афғонистон бо Толибон. СММ аз “пайомади фоҷеабор” гуфт

Нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон

Рӯзи 3-юми август бархӯрдҳои мусаллаҳона дар маркази вилояти Ҳилманди Афғонистон – шаҳри Лашкаргоҳ – сабт шуданд.

Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки мардуми зиёд дар миёни оташи артиши Афғонистон ва Толибони силоҳбадаст мондаанд, ки метавонад пайомади фоҷеабор дошта бошад.

Ҳафтаҳои охир Толибон ноҳияҳои бисёреро ишғол намуданд ва акнун ҳадафи ҳамлаҳои онҳо се маркази вилоят – шаҳрҳои Ҳирот, Лашкаргоҳ ва Қандаҳор – мебошад.

Артиши Афғонистон аз сокинони мулкии Лашкаргоҳ талаб кард, ки аз шаҳр берун шаванд, зеро эҳтимол ҳукумат ҳамлаи ҷавобӣ раҳандозӣ кунад.

Феълан Толибон маҳбас, қароргоҳи полис ва чанд бинои дигареро ишғол намуда, қароргоҳи раёсати амнияти миллиро ҳадаф қарор додаанд.

Идораи СММ мегӯяд, дар давоми 24 соати охир бар асари бархӯрдҳои мусаллаҳона дар Лашкаргоҳ камаш 40 фарди осоишта ба ҳалокат расид.

Тамрини низомиёни Узбекистону Русия дар марз бо Афғнистон

Низомиёни рус барои тамрин дар марзи Тоҷикистону Афғонистон омода мешаванд

Низомиёни Русияву Узбекистон ба машқҳои муштараки ҳарбӣ пардохтанд. Тамрин дар размоишгоҳои Тирмизи Узбекистон, ки дар марз бо Афғонистон қарор дорад, 2-юми август оғоз ёфтааст.

Дар маросими ифтитоҳи машқҳо ноиби фармондеҳи округи марказии ҳарбии Русия, Николай Терешенко ва ноиби вазири мудофиаи Узбекистон Қодир Турсунов иштирок намудаанд.

Дар ин тамринҳо, дар умум якуним ҳазор сарбозу афсарони узбеку рус ва 300 техникаи низомӣ ҷалб шудааст.

Аз 5 то 10- уми август дар размоишгоҳи Ҳарбмайдони Тоҷикистон низ машкҳои якҷояи нерӯҳои Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад.

Дар он шеваи нобуд сохтани як гуруҳи шартии мусаллаҳро тамрин мекунанд, ки ғайриқонунӣ сарҳади давлатии Афғонистонро гузаштааст.

Дар бештар аз ду моҳи охир ҷанг миёни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Толибон даҳҳо ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф карданд. Дар як моҳи охир беш аз ҳазор низомии афғонистонӣ зери фишори Толибон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карда, ба иттилои расмӣ, дубора ба Кобул фиристода шуданд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, беш аз 900 километри хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон зери назорати Толибон қарор дорад ва эҳтимол паноҳҷӯёни бештаре вориди ин кишвар шаванд. Дар гузашта Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Русия ва созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон дар таҳкими марз ёрии зиёд расондаанд ва низ гуфтаанд, ин кумакҳоро идома хоҳанд дод.

Додситонии Маскав хоҳони ҷазои сахттар ба муҳоҷирони маҳкумшудаи тоҷик аст

Тарзи боздошти муҳоҷирони тоҷик вокунишҳоро ба бор оварда буд

Додситонии шаҳри Маскав хостааст, ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар марги варзишгари рус, Сергей Чуев, гунаҳкор шуданд, ҷазои сахттар бидиҳанд. Дар ин бора расонаҳои Русия гузориш доданд.

Додгоҳи ноҳияи Зюзинои Маскав 6 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми даст доштан дар марги варзишгари рус аз чаҳор то ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум кард. Вале Додситонӣ ҳукмро сабук дониста, аз рӯйи он шикоят бурдааст.

Ҳамчунин тибқи даъвои додситонӣ, “зимни муҳокима талаботи қонунгузории ҷиноӣ ва мурофиавӣ вайрон шудааст” ва бинобар ин бояд ҳукм бекор гардида, ҷазои наву сахттар таъин гардад.

Пайвандони маҳкумшудаҳо аз оғоз мегуфтанд, ки фарзандони онҳо дар қатли варзишгар даст надоранд ва эҳтимол зери шиканҷа гуноҳро ба дӯш гирифтаанд.

Сергей Чуев, варзишгари рус, шаби 8-уми июни соли 2019, дар ҳудуди боғи минтақаи Бутовои ҷанубии шаҳри Маскав ба ҳалокат расид.

Бедодгарии "Делта" дар Қазоқистон: дар як рӯз 124 кас ҷон бохт

Шаҳрвандони Қазоқистонро бо ваксинаи русии "Спутник V", ваксинаи дохилии "QazVac" ва "CoronaVac"-и чинӣ эм мекунанд

Дар давоми шабонарӯзи охир дар Қазоқистон 7519 мавриди нави гирифторӣ ба коронавируси нав ё COVID-19 сабт шудааст.

Вазорати тандурустии ин кишвар аз гирифтории 471 каси дигар ба бемории "илтиҳоби шуши коронавирусӣ", ки омори он алоҳида нашр карда мешавад, хабар медиҳад.

Шумори мубталоёни нав дар Қазоқистон дар пасманзари паҳншавии намуди "Делта"-и коронавирус рӯз то рӯз афзоиш меёбад.

Бино ба иттилои расмӣ, аз оғози пандемия (моҳи марти соли 2020) то субҳи 4-уми август дар он кишвар 602 ҳазору 952 кас ба коронавирус мубтало шуда, то 2-уми августи имсол 6277 нафар аз вирус ҷон бохтаанд.

Танҳо дар рӯзи 2-юми август 124 ҳолати марг бар асари коронавирус сабт шудааст.

Шаҳрвандони Қазоқистон асосан бо ваксинаи русии "Спутник V", ки дар яке аз маҷмааҳои дорусозии ин кишвар сохта мешавад, зидди коронавирус эм мешаванд. Ҳамчунин ба истифодаи ваксинаи дохилии "QazVac" ва "CoronaVac"-и чинӣ иҷозат дода шудааст.

Раҳбарони Осиёи Марказӣ дар Туркманистон ҷамъ мешаванд

Акс аз бойгонӣ

Рӯзҳои 5 ва 6-уми август дар Туркманистон мулоқоти машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд.

Тавре хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон иттилоъ дод, дар вохӯрии раҳбарони Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои минтақаӣ дар соҳаи иқтисод, савдо, энергетика, ҳамлу нақл ва чораҳои муштарак дар мубориза бо пандемияи коронавирус баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, қарор аст, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) дар доираи нишасти мазкур бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти дуҷониба анҷом диҳад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG