Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷми содироти Тоҷикистон афзоиш ёфтааст


Бино ба иттилоъи Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳаҷми тиҷорати хориҷии ин кишвар тайи се моҳи ахир мутаносибан 200 миллион доллари амрикоӣ афзоиш ёфтааст.
Мутобиқи омори вазорати мазкур мизони доду ситади тиҷории кишвар тайи ин давра рӯиҳамрафта 900 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Омори расмии ироа додаи вазорати рушди иқтисодии Тоҷикистон баёнгари он аст,ки дар ин давра ҳаҷми содироти кишвар низ 15 дар сад боло рафтааст. Аммо ба гуфтаи иқтисоддонони тоҷик афзоиши мизони содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши бештари алюминиум будааст,ки дар ҳоли ҳозир моли аслии содиротии ин кишвар ба ҳисоб меравад.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG