Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди барқ ва мушкили кишоварзон


Дар вилояти Суғд тахминан ними заминҳои обии қобили кишт, ки масоҳати умумии он тахминан 250 ҳазор гектар аст, бо кӯмаки насосҳои обкашӣ, яъне бо истифода аз нирӯи барқ обёрӣ мешавад. Ба иллати камбуди барқ қисми зиёди ин дастгоҳҳои обкашӣ фаъол карда нашудааст. Оё тақдири ин заминҳои кишт имсол чӣ гуна хоҳад буд? Ин савол имрӯзҳо ба мавзӯъи аслии баҳс миёни масъулин ва коршиносону таҳлилгарон табдил ёфтааст.

Саидқосим Икромов - муовини идораи хоҷагии оби Суғд мегӯяд, танҳо норасоии барқ онҳоро ба кор даовардани насосҳоро ба таъхир андохтааст : «Ҳозир ҳамаи марказҳои обкашӣ ба кор омода аст. Фақат барқ диҳанд, ба кор медарорем. Аммо ин масъаларо ҳукумати Тоҷикистон ҳал мекунад.»

Ба иллати то кунун ба кор наандохтани марказҳои обкашӣ инчунин сокинони мавзеъҳое, ки бо дастгоҳҳои обкашӣ дар шабакаҳои воҳиди интиқоли барқ қарор доранд, аз дастрасӣ ба барқи доимӣ маҳрум мондаанд. Мӯъминҷон Тошматов - раиси идораи шабакаҳои барқи Суғд аз қайди камбуди барқ раҳоӣ ёфтани ин қисмати аҳолии Суғдро бо оғози кори насосҳои обкашӣ тавъам медонад : «Бо пайваст шудани насосҳои обкашӣ барои истифодабарандагон сад дар сад соатҳои маҳдуди додани барқ хотима меёбад.Мо ҳозир сари ҳалли ин мушкил кор карда истодаем.»

Ба гуфтаи оқои Муъминов, хоҷагиҳои кишоварзии Суғд барои истифодаи барқ бист миллион сомонӣ, баробари беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ, вом бар дӯш доранд. Идораи хоҷагии оби Суғд мегӯяд, хоҷагиҳои кишоварзӣ барои истифодаи об низ 28 миллион сомонӣ қарздор аст. Обе, ки бо насос аз зери замин ва ё аз рӯди Сир бароварда мешавад. Аммо хоҷагиҳои кишоварзии қарздор ба сабаби қашшоқӣ тавони пардохти қарз надоранд. Масъулин ин ҳолатро як сабаби аслии саривақт таъмин нашудани онҳо бо барқ ва об арзёбӣ мекунанд. Ба назари онҳо, ҷорӣ шудани қоидаи пешпардохт аз хоҷагиҳои кишоварзӣ барои истифода аз нерӯи барқ ва об чораи муаасир дар роҳи наафзудани қарзи онҳо хоҳад буд. Ва шурӯъ аз имсол аз чунин тадбир кор гирифтаанд. Аммо мушкил ин аст, ки на ҳама хоҷагиҳои кишоварзӣ чунин имконро доранд.

Як соҳибкор аз ноҳияи Ашт - Рӯзибой Махсумов мегӯяд, вай се гектар замини кишт дар ихтиёр дорад ва маблағи истифодаи барқу обро пешпардохт кардааст. Аз ин рӯ киштзораш дар ҳоли ҳозир бо об таъмин аст. Аммо вай меафзояд, ки аз ояндаи замини кишти худ хотирҷамъ нест : «Дар ҳар мавсим ҳодисаҳое ҳам мешавад, ки масъулини идораи барқ ва ё об бе ҳеҷ огоҳӣ, бо баҳонаҳои набуди об ва ё таъмир интиқоли қувваи барқро қатъ мекунанд. Масалан, дар тобистони соли гузашта даҳҳо гектар хоҷагиҳои кишоварзии ба номи Калинин дар ноҳияи Ашт ба сабаби надодани барқ ба дастгоҳи обкашӣ хушк шуда рафт. Ин гуна ҳодисаҳо дар бархе аз хоҷагиҳои ноҳияҳои дигар ҳам ба амал омадаанд.»

Аммо бо ин ҳама, ба бовари таҳлилгарон, дар ҳоле ки бахши кишоварзӣ таҳти назорати сахти давлати Тоҷикистон қарор дорад, идораҳои барқ ва оби Суғд ба сурати ногузир хоҷагиҳои қашшоқ ва қарздорро низ бе об нахоҳад гузошт. Улмаси Эрка - таҳлилгари масоили кишоварзии Суғд мегӯяд, ҳамасола баҳси миёни идораҳои мазкур бо хоҷагиҳо, яъне, қарзхоҳон ва қарздорон бо чунин натиҷа, маъмулан то охири моҳи апрел ба анҷом мерасад. Аммо таъхир дар ҳалли таъмини барқ, меафзояд вай, ва танҳо як навбат бе об гузоштани кишт ба иллати камбуди барқ дар фасли баҳор метавонад ҳосили яксолаи замини кишоварзро барбод диҳад.
XS
SM
MD
LG