Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Д. Саидов: "Умедворем, ки Пекин биравем"


yk

Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, умедвор аст, ки варзишгарони Тоҷикистон дар риштаҳои варзиши сабук, бокс ва гуштии дзюдо соҳиби роҳхатҳои олимпӣ мешаванд.


Дар нишасти матбуотие, ки дар он гузориши семоҳаи Кумита ироа гардид, ҳамчунин аз комёбиҳои варзишгарони тоҷик дар ин муддат таъкид шуд.


Аз ҷумла мисол оварда шуд, паҳлавонони тоҷик Расул Боқиев ва Далер Мусофиров дар марҳилаи навбатии Ҷоми ҷаҳонӣ дар риштаҳои гуштии дзюдо ва самбо, Шералӣ Достиев дар мусобиқоти байналмилалӣ дар риштаи бокс барои дарёфти Ҷоми шоҳи Тайланд соҳиби медалҳои тилло гардиданд.


Вале ба гуфтаи Давлаталӣ Саидов, дар варзиши тоҷик ҳанӯз камбудиҳои зиёд, аз ҷумла нарасидани иншоотҳои замонавӣ, либосу лавозимоти варзишӣ, кадрҳои баландихтисоси соҳа ва маблағгузории нокофӣ ҷой доранд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG