Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои густарда дар пойтахти Қирғизистон


Ҳазорон нафар аз тарафдорони оппозисюни Қирғизистон раҳпаймоӣ ва намоиши эътирозии худро дар Бишкек, пойтахти кишвар оғоз карданд. Онҳо бо шиъорҳои "Боқиев бирав!", "Ислоҳот бидуни Боқиев!" дар майдони Алатои шаҳр ҷамъ омада, дар рӯбарӯи Кохи раёсатҷумҳурӣ 30 юртаву 50 хаймаи низомӣ уствор карданд. Онҳо мегӯянд, майдонро то замоне ки раиси ҷумҳур Қурманбек Боқиев ба истеъфо наравад, тарк нахоҳанд кард.


Тазоҳуротро ду гурӯҳи асосии мухолифони давлат -- Ҷабҳаи Муттаҳида барои ояндаи беҳтари Қирғизистон бо сарварии сарвазири пешин Феликс Қулов ва Ҷумбиши Ислоҳот ташкил кардаанд.


Дар арафаи тазоҳурот президенти Қирғизистон гуфт, оппозисюн мехоҳад, бо як табаддулот қудрати сиёсиро дар кишвар ба даст орад. Сарвазири тозатаъини Қирғизистон Алмос Атамбоев, ки намояндаи оппозисюн шумурда мешавад, гуфтааст, агар эътирозгарон ба бинои ҳукумат ҳамла кунанд, дар баробари онҳо аз нирӯ истифода хоҳад шуд. Бархе аз хабаргузориҳо гуфтаанд, ҳукумат дар фосилае аз майдони марказӣ нирӯҳои низомиро омода кардааст.
XS
SM
MD
LG