Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав хостори сабукиҳо ба муҳоҷирони иқтисодист


Ноиби шаҳрдори Маскав Валерий Виноградов мегӯяд, мақомоти Маскав тарафдори осонтар шудани муъоинаи тиббии муҳоҷирони иқтисодиянд. Вай гуфт: "Ҳоло муҳоҷирон барои гузаштан аз озумни тиббӣ моҳҳо интизор мешаванд, ин ҳам дар ҳоле ки корхона ва муассисаҳо хостори истифодаи зудтар аз нирӯи коранд. Аз сӯи дигар, худи муъоина низ метавонад, чанд моҳ тӯл кашад. Бояд низомеро ба вуҷуд овард, ки раванд сабуктар шавад ва зуд ба поён расад."


Дар пайванд бо масъала, ноиби шаҳрдори Маскав гуфт, дар ҳоли ҳозир чанд ширкати миёнарав ба муҳоҷирон асноди қалбакии тиббӣ пешниҳод мекунанд ва амалан, ин корро дар як рӯз анҷом медиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳоҷирон барои гирифтани шаҳодатномаи тиббӣ бояд аз ташхисгоҳҳои бемориҳои зӯҳравӣ ва пӯст, сил ва нашъамандӣ гузаранд.


Бо вуҷуди ҳамандешии мақомоти Маскав, ки озмуни тиббии муҳоҷирон бояд осонтар шавад, дар миёни онҳо ихтилофи назар мавҷуд аст. Намояндагони Хадамоти федероли муҳоҷират мегӯянд, танҳо муассисаҳои тиббии давлатӣ бояд ҳаққи ташхиси сиҳҳати муҳоҷиронро дошта бошанд, вале шаҳрдорӣ бар ин аст, ки чунин дастур хилофи қонунҳои зиддимонополист.
XS
SM
MD
LG