Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардум бой шуд ё фақиртар?


Барномаи фақрзудоӣ дар Тоҷикистон тавассути сармоягузории ва пуштибонии ниҳодҳое монанди Сандуқи байналмилалии пул, Банки Ҷаҳонӣ, Барномаи рушди СММ ва ғайра бо маблағгузории даҳҳо тарҳи иқтисодӣ дар ҳаҷми бештар аз 250 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шудааст. Дар ҳар сурат ҳукумат ва ниҳодҳои байналмилалии пуштибони ин барнома ба муваффақиятомез будани марҳилаи аввали ин он таъкид мекунанд.

Мақомоти Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳатто гуфтанд, дар марҳилаи дуввуми барнома то соли 2010 ҳукумат муваффақ хоҳад шуд, ки камбизоатӣ ё фақр дар Тоҷикистонро то ҳудуди 20 ё 25% коҳиш диҳад. Ғафурҷон Расулов, сухангӯи вазорат гуфт, кишвар бо сохтани ҷойҳои нави кор ва афзоиши музд, то ҳадди ақалли 125 сомонӣ талоши ҳадди аксар кардааст.

Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори иқтисод ва мудири шуъбаи оянданигарии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти ҳамин вазоратхона мегӯяд, бештар аз 8%-и рушд ва то 57% коҳиш ёфтани мизони фақр дар Тоҷикистонро бовар надорад. Агарчанд мегӯяд ӯ, дарвоқеъ пешрафте мушоҳида мешавад, аммо ин пешрафт ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ба барномаи фақрзудоӣ иртиботи чандон надорад то ба вуруди сармояе ки муҳоҷирони тоҷик таҳия мекунанд. Иқтисодшиноси дигар Тоҳири Абдуҷаббор арқоми эълоншудани коҳиши фақрро ҳатто аз ин ҳам бештар дур аз воқеъият медонад. Ӯ мегӯяд, сатҳи фарқ дар Тоҷикистон бештар аз 80% буда, эҳтимол бетағйир монда бошад. Вай меафзояд, дар соли равон ба чанд далел фақр дар Тоҷикистон дубора густариш хоҳад дошт. Зеро натиҷаҳои бӯҳрони энергетикӣ пайомади худро ба иқтисод то поёни сол маълум хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷимуҳаммад Умаров низ ҳамчунон нигарони афзоиши фақр дар Тоҷикистон, аммо ба далели дигар аст. Ӯ мегӯяд, дар сурати ихроҷи муҳоҷирон аз бозороҳи Русия ва маҳдуд кардани шароити муҳоҷират фақр дар Тоҷикистон бештар хоҳад шуд. Зеро ин муҳоҷирон шароити маишати хонаводаҳои худро тавассути ирсоли маблағ аз Русия таъмин мекунанд.

Вале дар ҳар сурат анҷоми барномаи аввали фақрзудоӣ эълон шуда ва пули он ҳам масраф шудааст, ҳарфе, ки бештар гуфтанаш салоҳ аст, марҳилаи дуввуми ин барнома аст, ки чӣ натиҷа хоҳад дод. Ин барнома, албатта, қарор аст, дар порлумон тавсиб ва ба баррасии сармоягузорон пешниҳод шавад. Масъуд Собиров мудири кафедра ё курсии иқтисод дар Донишгоҳи иқтисод ва ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯяд, таҳри мазкур воқеӣ нест ва беҳтар аст, бо роҳи озодтар гузоштани соҳибкорон бо фақр мубориза кард.

Тоҳири Абдуҷаббор, ки Барномаи миллии рушди иқтисод то соли 2015 ва ҷузъи таркибии он -- барномаи дуввуми фақрзудоиро мутолиа карда, ба он дар матбуот тақриз низ навиштааст, мегӯяд, аҳдофе ки барнома ба миён гузоштааст, ҳатто барои кишварҳои пешрафтаи саноъатӣ низ миёншикан мебошад ва маълум нест, он чӣ гуна иҷро хоҳад шуд.

Қарор аст дар моҳи июн ба манзури барасии барномаи дуввуми фарқзудоӣ дар Тоҷикистон ҳамоиши сармоягузорон доир шавад. Бояд гуфт, ки ҳамзамон бо барномаи ироъакардаи ҳукумат дар мавриди рушди иқтисод як ҳизби сиёсӣ низ бо номи Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон барномаи алтернативии худро пешниҳод кардааст. Ин баъди таҷрибаи барномаҳои пешниҳодкардаи созмони "Растохез" дар бештар аз 15 сол пеш дар ҳаёти сиёсӣ кори тозаест. Аммо ончи ҳам барномаи ҳукумат ва ин барномаро муттаҳид мекунад, бетаваҷҷӯҳии мардум ва расонаҳои ахбори ом ба онҳост.
XS
SM
MD
LG