Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: Дастёфт ба ғанисозии санъатии ураниум


Ин нуктаро раиси созмони нирӯи ҳастаии Эрон Ғуломризо Оқозода, ки ҳамзамон ноибпрезиденти Эрон низ ҳаст, дар як ҳамоиш дар иншооти ҳастаии ин кишвар дар Натанз эълон кард. Ва ин ҳам дар ҳоле ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ду баста аз таҳримҳои зидди Эронро ба он равона кардааст, ки Теҳрон аз ғанисозии ураниум даст бардорад.Эрон мегӯяд, барномаи ҳастаии он ҳадафҳои осоишта дорад, вале давлатҳои Ғарб аз он бим доранд, ки ба зудӣ Теҳрон ба силоҳи ҳастаӣ даст меёбад.


Дар ҳамоиши Натанз, раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ширкат ва суханронӣ кард. Вай дастёбӣ ба фанноварии ҳастаиро ҳаққи мардуми Эрон номид ва гуфт, ин дастёбӣ ба зинаҳои баландтари илм роҳ мекушояд. Аҳмадинажод бори дигар такрор кард, ки барномаи ҳастаии кишвараш сирфан хосияти сулҳомез дорад.
XS
SM
MD
LG