Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангезаи Эрон дар озодии дарёнавардони бритониёӣ


Гулнози Исфандиёрӣ Бозгардони маллоҳони бритониёӣ аз тарафи Эрон як бӯҳрони шадиди байнулмилалиро хотима дод. Хотимаи ногаҳонӣ ва зудрас. Вале сабаби чунин шакл грифтани қазия чӣ буда метавонад?

Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дарёнавардони маҳбусро бо ҳайси ҳусни нийяти мардуми Эрон аз асорат озод кард. Вале ин ҳадия ҳадсу тахминҳои гуногунеро ба бор овардааст, ки оё чӣ ангезае ҷумҳурии исломиро водор кард, аз муҳокима ва ҳатто ҳабси дарозмуддати вайронкунандагони марзҳои Эрон даргузарад.

Дар ҳоле ки сарвазири Бритониё Тони Блер мегӯяд, ҳеч тиҷорате дар миён набуд, бархе аз таҳлилгарон бар инанд, ки ба тиҷорат чунин раҳоӣ имкон надошт. Онҳо ҳамзамон иттифоқ афтодани раҳоии маллоҳонро бо иҷозаи дидори дипломатҳои эронӣ бо эрониҳои асир дар Ироқ як рукни ин тиҷорат медонанд ва мегӯянд, дахолати байнулмилалӣ, ба хусус дахолати Ироқу Сурия Теҳронро ба тағйири мавзеъ водор кардааст.

Аммо Розмари Ҳоллис, мудири таҳқиқ дар маркази мутолиоти Чатҳами Лондон мегӯяд, ягона сабаб ин буд, ки раҳбарони Эрон намехостанд, корро аз ҳад бигузаронанд. Хонуми Ҳоллис мегӯяд, ин як бароварди эҳтиёткоронаи эрониҳо буд, ки мебоист аз қазия бештарин судро бардоранд ва дар айни замон аз ҳад нагузаранд.

Суд ин аст, ки Эрон дар зери фишори афзояндаи ҷаҳонӣ дар пайванд бо барномаи ҳастаияш нишон дод, ки майле ба ақибнишинӣ надорад ва ба рӯёрӯӣ бо айни чиз посух медиҳад.

Устоди улуми сиёсӣ дар Теҳрон, Содиқи Зебокалом мегӯяд, тасмими раҳоии маллоҳон замоне гирифта шуд, ки Бритониё лаҳни худро тағйир дод ва нармтар кард. Бо вуҷуди он ки бархе аз коршиносон рафтори Эронро як табаддулоти таблиғотӣ номидаанд ва дар Теҳрон ин сухан ҳам садо дод, ки гӯё Бритониё маъзарат хостааст, дар асл чунин маъзарат ба гӯш нарасид ва Бритониё иттиҳоми онро ки маллоҳонаш марзи Эронро гузаштаанд, қабул накард. Вале дафъатан баъд аз нишасти хабарии Аҳмадинажод дар теҳрон, Блер гуфт, кишвараш на вориди гуфтушунид аст ва на вориди рӯёрӯӣ бо Эрон.

Ба ақидаи Розмарӣ Ҳоллис аз маркази Чатҳам, тамоми қазия баёнгари ин аст, ки Эрон дар минтақа нуфуз дорад ва мехоҳад аз ихтилофоти оянда бо Бритониё дар Халиҷи Форс ҷилавгирӣ кунад. Ва профессур Зебокалом меафзояд, намунае нишон дода шуд, ки Теҳрон мехоҳад дар ҳалли бӯҳрони ҳастаӣ аз он пайравӣ ба амал ояд.
XS
SM
MD
LG