Дар шимоли Тоҷикистон бар асари фуруди тарма дар ағбаи Шаҳристон беш аз 70 нафар ва 40 мошин дар муҳосира монданд.
Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ мегӯяд, фуруди баҳман дар чаҳордаҳ қитъаи ағбаи Шаҳристони масири Хуҷанду-Душанбе мушоҳада шудааст.
Манбаъ афзуд, ҳамаи нафароне, ки дар «муҳосира»-и барф афтодаанд, бо ғизо ва макони зист таъмин шудаанд. Кормандони ниҳодҳои наҷотбахшӣ то имрӯз наздики ду километри шоҳроҳро аз тӯдаи барф пок кардаанд.
Дар яке аз дигар қитъаҳои масири пайвандкунандаи шимолу ҷануби Тоҷикистон, фуруди баҳман рӯзҳои 31-уми март ба 1-уми апрел сад мошини сабукраву 200 нафарро дар муҳосира гузошта буд.