Порлумони Украина амри раиси ҷумҳурӣ Виктор Юшенко барои пароканда кардани маҷлис ва баргузории интихоботи порлумониро рад кард.
Дар як раъйдиҳӣ аксари аъзои Рада барои масдудсозии маблағгузории интихоботи зудрас, ки ба 27 май тайин шудааст, овоз доданд.
Қонунгузорон гуфтанд, ки раиси ҷумҳур ҳеҷ далеле барои пароканда кардани порлумон надорад ва ҳушдор доданд, ки фаъолияти кории худро мисли пешин идома хоҳанд дод.
Чанд соат қабл аз ин, Юшенко гуфт, ки пароканда кардани порлумон вазифаи вай буд, чунки маҷлис қонуни асосиро поймол кардааст.
Юшенко нахуствазири рӯ ба Русия Виктор Януковичро дар он муттаҳам кард, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ вакилони ҷабҳаи муқобили порлумонро ба ҷониби худ мекашад, то ки аз пуштибонии аксарияти парлумон бархурдор шавад.
Эҳтимол дорад, ҳамакнун ин мавзӯъ дар сатҳи додгоҳи олии Украина баррасӣ шавад.