Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал сари ояндаи Косово баҳс мекунад


Имрӯз, қарор аст, Шӯрои амнияти СММ ба баррасии нақшаи таъйинкунандаи ояндаи Косово, минтақаи ҷудоихоҳи Сербистон шурӯъ кунад.


Пешниҳоди мазкур истиқлолияти Косоворо таҳти сарпарастии ҷомеаи байналмилалӣ пешбинӣ мекунад.


Дар ин нишаст бояд нахуствазири Сербистон Войислав Коштуница иштирок кунад, ки интизор меравад, бо пешниҳоди фиристодаи СММ Марти Аҳтисаарӣ вориди баҳс шавад.


Коштуница гуфт, ки Сербистон умедвор аст, Русия, ба унвони узви доимии Шӯрои амният дар ҷараёни раъйдиҳӣ ба Сербистон имкони ҳифзи тамомияти арзии ин ҷумҳуриро фароҳам хоҳад овард.
XS
SM
MD
LG