Ба иттилоъи Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 59, 41 ва ноҳияи Ҳамадонӣ 62 дарсади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд. Муҳибулло Додоҷонов раиси ситоди интихоботии КМИР зимни баёни ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт ҳамакнун КМИР машғули дарёфти омори тоза дар мавриди мизони ширкати мардум дар интихобот аст. Аммо ин дар ҳолест, ки тибқи мушоҳидаи хабарнигори радиои озодӣ ҳузури мардум дар қитъаҳои раъйдиҳии ҳавзаи интихоботии ноҳияи Фирдавсӣ хеле камранг ба назар мерасид.
Додоҷонов афзуд КМИР бо масъулони интихоботӣ дар ҳар се ҳавза тамоси мустақим дорад ва маълумоти навро лаҳза ба лаҳза дарёфт менамояд. Аммо ин дар ҳолест,ки тибқи мушоҳидаи хабарнигори радиои
Тибқи муқаррароти КМИР интихобот дар ҳоле баргузор шуда маҳсуб меёбад,ки ширкати раъйдиҳандагон дар он аз панҷоҳ дарсад кам набошад.
Интихоботи миёндавраии порлумонии Тоҷикистон субҳи имрӯз якуми апрел дар се ҳавза - ҳавзаи ноҳияи Фирдавсӣ, ҳавзаи Ҳамадонӣ ва ҳавзаи интихоботии Кулоб оғоз ёфтааст ва қарор аст он то соати ҳашти шоми имрӯз идома ёбад.
Дар ҳавзаҳои интихоботии Фирдавсӣ ва Кулоб танҳо намояндагони Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон барои дарёфти курсии порлумонӣ талош меварзанд. Номзадҳои пешниҳод намудаи ҲНИТ дар ин ҳавзаҳо ба нишони эътироз аз амалкарди ба гуфтаи онҳо ғайриқонунии масъулони интихоботӣ ва набуди шаффофияту шароити баробари мубориза аз ширкат дар интихобот даст кашиданд. Ин дар ҳолест,ки дар ҳавзаи Ҳамадонӣ номзади ҲНИТ барои дарёфти мандати депутатӣ бо намояндаи ҲХДТ ба рақобат пардохтааст.