Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имдоди ФИФА ба рушди футболи тоҷик


Раиси Федерасиюни байнулмилалии футбол Ҷозеф Блаттер гуфт, ФИФА барои рушди футболи Тоҷикистон 1 миллион доллар кӯмак хоҳад кард. Вай гуфт, ин сармоя бояд барои бунёди варзишгоҳҳои нави футбол дар чаҳор соли оянда дар Тоҷикистон харҷ шавад. Дар бораи мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон, Блаттер гуфт, шод аст, ки раҳбарияти кишвар ба пешрафти футболи тоҷик сидқан рағбат дорад.


Дар ин сафар ба Тоҷикистон раиси ФИФА-ро раҳбари Кондфедерасиюни футболи Осиё Муҳаммад бин Ҳамом ҳамроҳӣ кард ва онҳо якҷо бо мақомоти расмии Тоҷикистон ду майдони футболи хурдро дар Норак ва Данғара ифтитоҳ карданд.


Блаттер ва Ҳамом пеш аз Тоҷикистон дар Туркманистон ва Ӯзбакистон буданд ва акнун ба Қирғизистону Қазоқистон мераванд. Тоҷикистон дар раддбандии ФИФА мақоми 127-уро ишғол карда, аз дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Ӯзбакистон (ҷои 53-юм) болотар аст.
XS
SM
MD
LG