Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блаттер майдончаи футболро дар Норак ифтитоҳ кард


NL

Ҷозеф Блаттер, раиси ФИФА - Федеросиюни байналмилалии футбол ва Муҳаммад бин Ҳамом,раиси АФК - Конфедеросиюни футболи Осиё рӯзи ҷумъаи 30-юми март дар шаҳри Норак майдончаи замонавиро барои бозии мини-футбол ё футболи хурд ифтитоҳ карданд. Ҷаноби Блаттер дар ин маросим гуфт: «Се сол муқаддам ҳангоми нахустин сафари худ ба Тоҷикистон ваъда карда будам, ки дар ягон минтақаи кӯҳистони ин кишвар сохтмони майдончаи мини-футболро бо чамани маснуъӣ анҷом медиҳем, зеро ман ҳам зодаи кӯҳистон ҳастам. Ва имрӯз мо шоҳиди кушоиши ин майдончаем, ки барои ҷавонон хизмат хоҳад кард.»

Раҳбари Созмони ҷаҳонии футбол таъкид сохт,ки футбол ин ҳаёт аст ва зиндагии одамро ба танзим медарорад. Бинобар ин ба бозии футбол машғул шавед ва аз тамошои он баҳра баред. Ҷаноби Блаттер аз ҷониби FIFA ба бозигарони навраси тоҷик тӯбҳои футбол тақдим кард.


Дар ин маросим, ҳамчунин Муҳаммад бин Ҳамом, раиси Конфедеросиюни футболи Осиё гуфт: «Бисёр хуш аст, ки Тоҷикистон вақтҳои охир дар рушди футбол натоиҷи хуб ба даст меорад. Аз ҷумла, дастаи мунтахаби наврасони кишвар ба қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфтааст.» Ба гуфтаи масъулини Федеросиюни футболи Тоҷикистон тибқи барномаи «Гол - 2» бо маблағи FIFA ширкати итолиёвии «Мондо» сохтмони чунин майдончаро дар ноҳияи Данғара низ анҷом додааст.


Баъди зуҳри рӯзи ҷумъа раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон бо Ҷозеф Блаттер ва Муҳаммад бин Ҳамом мулоқот кард. Баъди ин вохӯрӣ ҷаноби Блаттер ба хабарнигорон аз пиёдашавии барномаи «Гол - 2»-и FIFA изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, умедворам, ки барномаи «Гол - 3» низ дар ин ҷо ба зудӣ пиёда шавад. Созмони ҷаҳонии футбол, афзуд Блаттер, дар муддати солҳои 2007 - 2010 барои рушди футбол дар ин кишвар ба Федеросиюни футболи Тоҷикистон 1 миллион доллар, ҳамчунин барои сохтмони майдони футбол бо чамани маснӯъӣ 400 ҳазор доллар кӯмак хоҳад кард.

Раҳбарони олимақоми созмонҳои ҷаҳонию қитъавии футбол, ки машғули боздид аз чаҳор кишвар - Туркманистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Осиёи Марказӣ ҳастанд, шоми 30-юми март озими Қирғизистон шуданд.


Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG