Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бебарқӣ то миёнаҳои апрел идома меёбад


Лағви маҳдудият дар интиқоли нирӯи барқ дар саросари Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бо таъхири беш аз ду ҳафта сурат хоҳад гирифт. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола интиқоли комили нерӯи барқ дар қаламрави кишвар аз аввали апрел оғоз меёфт.


Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» иллати аслии батаъхир афтодани лағви реҷабандии интиқоли нерӯи барқ дар саросари кишварро дар нокифоя будани оби обанборҳои неругоҳҳо марбут донистанд. Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» гуфт, ҳавои баҳори соли равон дар муқоиса бо солҳои пешин сардтар омад. Ва ин боис шуд, ки мизони обшавии барф ва пиряхҳо коҳиш ёбад. Ӯ гуфт, соли равон ҳамчунин захоири барф дар кӯҳҳои болоолоби рӯди Вахш низ ба сабаби камборишӣ панҷоҳ дар сад кам шудааст. Ва аз эҳтимол дур нест, ки мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ дар фасли тирамоҳ ва зимистони имсола низ бештар шавад.


Вале бо ин вуҷуд дар чанд рӯзи ахир сатҳи оби рӯдхонаи Вахш боло рафта пуршавии обанборҳо мушоҳида мешавад. Бар изофа, кишварҳои Ӯзбакистон ва Қирғизистон низ тибқи меъёри пешбиникардаи созишномаҳои ба имзорасида, интиқоли нерӯи барқ ба Тоҷикистонро ба роҳ мондаанд.


Тайи чанд соли ахир интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз авали моҳи октябр то оғози апрел тибқи реҷаи махсус сурат мегирад. Зеро ин кишвар танҳо тавассути нерӯгоҳҳои обии барқ аҳолӣ ва корхонаҷоти худро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Вале бар асари нокифоятии об дар фасли сармо, ин нерӯгоҳҳо иқтидори тавлидоти худро то нисф аз даст медиҳанд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG