Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ханда ба бозорҳои Русия гиря меорад


Константин Рамадановски, раиси хадамоти федералии Русия мегӯяд, шарт нест, ки муҳоҷирон савдо кунанд, бигзор онҳо барои худ фурӯшандаи шаҳрванди Русияро бигиранд ва мушкилии онҳо ба ҳамин ҳал хоҳад шуд. Константин Рамадановский дар ин бора мегӯяд:

«Муҳоҷир ҷои савдои худро бояд ба шаҳрванди Русия бидиҳад. Чунин раванд ҳоло вуҷуд дорад ва ман дар ин ҳеҷ чизи аҷибу ғариб намебинам. Ин марҳалаи аввал аст. Мо ҳоло болоравии нархро мушоҳида намекунем ва мо камбуди хӯрока дар бозорҳои Русияро низ мушоҳида намекунем. Умуман, дар бозорҳои Русия вазъият собит аст»

Аммо худи муҳоҷироне, ки дар бозорҳои Русия ба кори савдо машғуланд, ба гуфтаҳои оқои Рамадановски мувофиқ нестанд. Барои мисол, Тамара, як зани озарбойҷонӣ, ки дар яке аз бозорҳои шаҳри Маскав сабзиҷот савдо мекунад, мегӯяд:

«Ман агар ба фурӯшандаи худ маош бидиҳам ба ман ҳеҷ фоидае намемонад. Барои ҳамин қимати сабзиҷот боло хоҳад рафт.»

Сулаймон, як савдогари дигар мегӯяд, ки ҳар кас дар бозор кор карда наметавонад:

«Шумо тасаввур кунед, ки нафаре меояд, ки кори савдоро аслан намефаҳмад, чӣ тавр метавонад савдо кунад? Мардуми рус дар бозорҳо савдо кардан намехоҳанд. Касе ки мехоҳад кор кунад ба онҳо иҷозат намедиҳанд.»

Раисони бозорҳо ба гуфтаҳои муҳоҷирони корӣ мувофиқанд ва мегӯянд, ки аз рӯзе, ки фармон шуд, то 40 дар сади бозорҳо ба мардуми рус додо шавад, ин фармон иҷро шуд. Владимир Шелепов, раиси яке аз бозорҳои шаҳри Маскав мегӯяд, ки ҷойҳо ҷудо шуданд, аммо мардуми бумӣ барои савдо кардан дар бозор аҷала намекунанд.

«Куҷост, куҷост он соҳиби ферма мо барои онҳо дар бозор 200 ҷой ҷудо кардаем. То ҳол ҳич кас наомадааст. Фермер ҳеҷ вақт ба бозор намеояд, моли худро ба ягон харидор мефурушад. Ба бозор барои 1 халта картошкаи худ намеояд. Масалан, вай 500 кило картошка парвариш мекунад, чӣ барои ҳамин барои савдо меояд ва дар ин ҷой дар куҷо зиндаги мекунад?»

Аммо соҳибони ферма мегӯянд, ки онҳоро раисони бозор дар бозорҳои худ ҷой намедиҳанд. Александр Ничаев мегӯяд, ки дар бозорҳо барои онҳо ҷойҳои хуб намедиҳанд ва онҳо маҷбуранд, моли худро арзон бифурӯшанд ва ба хона баргарданд.

«Барои мо дар бозорҳо ҷойҳои пасмондаро медиҳад, ки ҳатто мардум ба он ҷо намераванд, дар он ҷойе ки мардум зиёд аст, моро савдо кардан иҷозат намедиҳанд.»

Константин Рамадановски боварӣ дорад, ки чунин мушкилиҳо муваққатианд ва дар оянда ҳамааш хуб мешавад:

«Ҳоло соҳиби ферма барои ин корҳо омода нест. Вале баъд аз як муддате вақте ки бубинад ки давлат барои онҳо кумак дорад ҳатман ба чунин корҳо алоқаманд мешавад, ва як вақте мешавад ки вазъияти соҳиби ферма хуб мешавад.»

Дар бархе аз шаҳрҳои бузурги Русия ба сабаби набуди фурӯшанда аз ҳоло чанд бозор баста шудааст.
XS
SM
MD
LG