Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Чин ба Маскав омад


Ҳу Ҷинтао, раиси ҷумҳурии Чин барои анҷоми як сафари серӯза ба Русия омад.


Қарор аст, раҳбари Чин бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар масоили тиҷорат ва савдо, ҳамкориҳои энержӣ ва равобити дипломатии миёни ду кишвар гуфтугӯҳо анҷом диҳад.


Дар ҷараёни ин сафар чандин қарордоду созишномаҳои тиҷоратӣ ба имзо хоҳад расид.


Дар назар аст, ки раҳбарони Чину Русия масъалаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бӯҳрони атрофи барномаи ҳастаии Эрон ва Кореяи Шимолиро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG