Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург


Намояндаи расмии додситони шаҳри Санкт- Петербург Елена Ординская ба радиои Озодӣ дар Маскав хабар дод, ки як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон шаби 20 ба 21-уми март дар маҳаллаи Приморскии шаҳр аз суи афроди номаълум кушта шудааст.


Бино ба бозрасии муқаддамотӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон аз як сохтмони навбунёди маскунӣ кашф шудааст. Вай дар ҳамин сохтмон кор мекардааст ва бар асари захми зиёди корд ҳалок шудааст.


Хонуми Ординская ба манзури халал ворид накардан ба ҷарёни бозрасӣ аз зикри ҷузъиёти бештар худдорӣ кард ва аммо афзуд, дар ин робита чандин ривоят бозрасӣ мешавад, аз ҷумла хусумати шахсӣ.


Ин дар ҳолест, ки маркази таҳлили "Сова" дар ин робита навиштааст, маъмулан пулису додситонӣ дар чунин ҳолатҳо ривояти куштор дар заминаи бадбинии миллиро қатъан рад мекунанд. Ба навишати ин манбаъ Санкт-Петербург барои коргарон ва донишҷуёни хориҷӣ маҳалли хатарнок шумурда мешавад. Соли гузашта дар ин ҷо ду донишҷуи сенегалӣ ва ҳиндӣ кушта ва чандин ғайриславянӣ захмӣ шудаанд. Хуршеда Султонова духтарчаи нуҳсолаи тоҷик ҳам моҳи феврали соли 2004 дар Санкт-Петербург кушта шуда буд, аммо додгоҳ боздоштшудагонро сафед ва озод кард.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG