Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хатлон аз СҒД-ҳо қадрдонӣ мекунанд


СД

Вазорати адлия дар устони Хатлон тасмим гирифт, дастовардҳои созмонҳои ғайридавлатиро бо шумули таҳияи беш аз 50.000 дасти корӣ, роҳандозии садҳо лоиҳот ва ворид кардани маблағҳои ҳангуфт ба буҷаи маҳаллӣ дар як китоби комил нашр кунад.


Додарбек Саидалев, садри маркази пуштибонӣ аз ҷамъияти шаҳрвандӣ ва раиси созмонҳои ғайридавлатӣ дар Кӯлоб мегӯяд, замони ахир бархӯрди ҳукуматҳои маҳаллӣ ба ин созмонҳо куллан тағйир ёфтааст ва ҳукумат дар аксари маврид бо ин ташкилотҳо ҳамакнун ҳамкорӣ мекунад. Оқои Саидалиев афзуд, дар тӯли солҳои ахир созмонҳои ғайридавлатӣ дар Хатлон беш аз 50.000 ҷои корӣ таҳия кардаанд, садҳо бунгоҳҳои тиббӣ, беморхонаҳо, мактабҳоро тармим намудаанд ва даҳҳо ҳазор нафар аз сокинони деҳоти устонро бо оби ошомиданӣ таъмин кардаанд.


Ин дар мавридест, ки дар тӯли 12 моҳи ахири аз Наврӯзи гузашта то имрӯз беш аз 70 СҒД танҳо дар шаҳри Кӯлоб 150 ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ бо маъоши бузургтар аз кормандони корхонаҳои маҳаллиро барои сокинони мавзеъ матраҳ кардаанд.


Давлат Сулаймонов, масъули Вазорати адлияи кишвар мегӯяд, теъдоди СҒД дар ҷумҳурӣ пайваста меафзояд ва дар ҳоли ҳозир, дар маҷмӯъ, ин шумора 3045- ро ташкил медиҳад. Ва аммо ба иттилоъи коршиносон дар мавзеъ, бештари СҒД, ки номнавис шудаанд, аз фаъолият мондаанд.
Сайёфи Мизроб
XS
SM
MD
LG