Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти муштараки Тӯраҷонзода, Кабирӣ ва Ҳимматзода


Фарҳоди Мелод Изҳороти муштараки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода, аъзои Маҷлиси Олии Тоҷикистон, истеъфои Сӯҳроб Қосимов, фармондеҳи собиқ Фронти халқӣ ва Форуми расонаҳои форсӣ дар Душанбе дар ҳафтаномаҳои Тоҷикистон минҳайси умдатарин матолиби ҳафтаи сипаришуда бозтоб ёфтаанд.

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» изҳороти муштараки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ, Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода, аъзои Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мавзӯъи асосии шумораи ҷадидаш қарор додааст. Ҳафтанома менависад, хоҳиши аъзои Маҷлиси Олӣ аз раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди авфи такрории зиндониён, аз ҷумлаи собиқ размандагони оппозитсион ва маҳви парвандаҳоии ҷиноии собиқ раҳбарони онро идома доштани раванди сулҳи тоҷикон арзёбӣ кардааст. Ҳафтанома аз қавли Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ овардааст, санади сулҳ агарчи имзо шудааст, аммо зеҳниятҳои ҷомиа сулҳро қабул накардаанд.




Дар ҳамин ҳол нашрияи «Фараж» изҳороти аъзои Маҷлиси Олиро «кӯшиши чим задани ҳамаи сӯрохиҳои мавҷуда барои муборизаи сиёсии ин нафарон» ном бурдааст, ки «ҷонибдорони ҲНИТ ва Тӯраҷонзода аз онҳо интизор доранд».




Нашрияи «Азия-Плюс» ба қавл аз Мӯсо Асозода, райиси дафтари ҲХДТ овардааст, авфи онҳое, ки бо ҷиноятҳои вазнин зиндонӣ шудаанд, ҷабрдидагони ин ҷиноятҳоро нороҳат хоҳад сохт. Ва ҳафтанома аз қавли коршиносон овардааст, раисҷумҳури Тоҷикистон ин пешниҳодро қабул намекунад, зеро дар сиёсати калон ахлоқ вуҷуд надорад.





Ҳафтаномаи «Азия-Плюс» ҳамчунин як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Сӯҳроб Қосимов, собиқ фармондеҳи гурӯҳи зудамали Вазорати умури дохила, ки ҳафтаи қабл аз мақомаш истеъфо дод, анҷом додааст. Оқои Қосимов дар мавриди истеъфояш гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон ӯро дуруст фаҳмида, санади истеъфояшро имзо кардааст. Оқои Қосимов гуфтааст, акнун барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани футболи Тоҷикистон камар хоҳад баст.





Мавзӯъи асосии ҳафтаномаи "Миллат" форуми расонаҳои форсӣ дар Душанбе аст. Ҳафтанома аз забони рӯзноманигорони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон овардааст, ки сатҳи ҳамкориҳои расонаҳои форсӣ қобили қабул нест. Ҳафтанома менависад, дар раванди ҷаҳонишавӣ зарурати рӯйи кор омадани расонаҳои муштараки форсӣ ва як ниҳоди ҳирфаии рӯзноманигорони форсизабон ба миён омадааст.





«Факти и комментарии» дар як матлаб аз қавли коршиносон овардааст, ки Эмомалӣ Раҳмонов, Нурсултон Назарбоев, Ислом Каримов ва марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ворисони «устухони сафед», яъне сайидзода ҳастанд. Аммо, навиштааст рӯзнома, вақтҳои ахир мақоми иҷтимоии ворисони «устухони сафед» поён рафтааст.
Ҳафтаномаи «Аргументи и факти» Душанбе навиштааст, ки Созмони Созишномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ё ОДКБ тавонистааст ба як созмони ҳамрадифи Паймони Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО табдил ёбад. Аммо, менависад рӯзнома, ҷаҳон НАТОро бештар аз ОДКБ мешиносад. Далели инро рӯзнома адами буҷаи қавӣ ва самти идеологии ОДКБ арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG