Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал - Бародаӣ аз Пхенян қонеъ баргашт


Муҳаммад ал Бародаӣ, мудири Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ мегӯяд, мақомоти Куриёи Шимолӣ ба ӯ гуфтаанд, ки ба созиши халъи силоҳи ҳастаии он кишвар ҳамчунон пойбанд ҳастанд.


Ал - Бародай баъди анҷоми сафари дурӯзааш дар Куриёи Шимолӣ дар ин бора хабар дод. Вай гуфт, сафараш судманд будааст ва роҳро барои ҳамкории оддӣ миёни Куриёи Шимолӣ ва Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ боз мекунад.


Бар асоси созиши рӯзи 13 феврал Куриёи Шимолӣ бояд дар ивази сӯхт ва кӯмакҳои дигар аз барномаҳои атомии худ даст бардорад.
XS
SM
MD
LG