Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон таҳдидҳоро нодида мегирад


фн

Раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бори дигар аз хатари таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид сарфи назар намуд ва гуфт, ки Эрон аз барномаи ҳаставии худ даст кашиданӣ нест.


Ҳангоми суханронӣ дар ҷамъомаде дар вилояти Язд Аҳмадинажод гуфт, то кунун таҳдидҳои Ғарб ба ҷуз бегона кардани мардуми Эрон, ҳеҷ натиҷае барои он кишварҳо ба бор наовардаанд.


Дар ҳамин ҳол, шаш кишвари қудратманди ҷаҳон тарҳи пешниҳодиро дар мавриди таҳримҳои густардаи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди Эрон омода мекунанд. Ин вокуниш ба сарпечии Эрон аз қатъи ғанисозии ураниум мебошад.
XS
SM
MD
LG