Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори Черкиз то ахири сол баста мешавад


Дар ин бора Юрий Лужков шаҳрдори шаҳри Маскав санадеро имзо кард, ки тибқи он бозори Черкиз то ахири соли 2007 баста мешавад. Андрей Мителский муъовини райси порлумони шаҳри Маскав, мегӯяд бозори Черкиз ба фоидаи мардуми маҳаллӣ кор намекард, балки баракс.

"Сарнавишташ рушан аст, бигзор муҳоҷирон худро дар хадамоти муҳоҷиратӣ сабти ном кунанд ва иҷозати кор бигиранд ва метавонанд дар Русия қонунӣ кор кунанд, ҳеҷ мушкили нест. Маскав дар ин масъала ба манфиати ҳеҷ кас зарар нарасонида аст. Имрӯз, ки бозори Черкизро мебанданд ин кори дуруст аст."

Бозори Черкизи шаҳри Маскав аз 18 фурӯшгоҳ иборат аст. Ин бозор на танҳо дар миёни мардуми муқими Маскав машҳур аст, балки ҳар саҳар даҳҳо автобусҳо аз шаҳрҳои дигар тоҷиронро ба ин бозор мерасонад. Светлана Столярова, шаҳрванди Русия ва яке аз ин тоҷирон мегӯяд, ки агар бозорро бубанданд, тоҷирон бекор мемонанд.

"Барои ман ин як зарбаи сахт аст. Чунки ҳамаи моле, ки ман мехарам барои фурӯш, ман аз бозори Черкиз мехарам. Ҳоло ман намедонам чи кор кунам, ман аз бонк қарз гирифтам барои мол харидан ва ҳоло намедонам ман ин қарзро чи тавр бармегардонам. Ман ҳамеша аз бозори Черкиз харид мекардам. Ҳоло чи кор кунам намедонам ман ҳоло дар ҳолати номуаянӣ ва ҳарос ҳастам."

Мақомоти шаҳри Маскав сабаби аслии бастани бозори Черкизро эълом накардаанд. Аммо мегӯяд, ки ба ҷои бозор дар ин замин сохтмонҳои варзишӣ сохта мешавад. Мамедов Эрдал яке аз тоҷирони Озарбоҷонӣ, ки дар бозори Черкиз кор мекунад мегӯяд, ки агар бозор баста шавад ба ватанаш бармегардад.

"Бозор агар баста шавад, ба ватанам бар мегардам ва дар онҷо кӯшиш мекунам коре пайдо кунам. Агар дар инҷо иҷозат надиҳанд, чи кор кунем, бармегардем. Ман шунидам, ки то ахири моҳи июл бозорро мебанданд ва ман тасаввур намекунам, ки дар оянда мо чи тавр зиндагӣ мекунем."

Дар бозори Черкизи Маскав ҳазорон нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир кор ва шабро дар наздикиҳои он руз мекунанд. Исоев Шералӣ як тоҷири тоҷике, ки дар бозори Черкиз кор мекунад мегӯяд, ки агар бозор баста шавад, тоҷикон ба Тоҷикистон бар мегарданд ва аксарашон бекор мемонанд.

"Барои мардуми мо ин ҷои асоси буд, агар ин бозор баста шавад, мардум дигар ҷои рафтан надоранд, маҷбур мешаванд, пас гашта раванд ба Тоҷикистон. Дар Тоҷикистон чи кор мекунанд, агар кор пайдо накунанд нафароне, ки пеш ба дуздиву ғоратгари машғул буданд, боз ба чунин корҳо даст мезананд."

Масъулини бозори Черкиз, аз суҳбат бо мо худдорӣ карданд. Аммо бархе аз тоҷирони тоҷик мегуянд, ки ин бозори бузургро бастан хеле мушкил аст, чунки ин бозор барои баъзе аз мақомоти ин шаҳр, милионҳо дулор фоида меорад. Тибқи санаде, ки Юрий Лужков шаҳрдори Маскав имзо кардааст, бозори Черкиз бояд марҳала ба марҳала баста шавад ва 14-уми июл марҳалаи аввали бастани бозор оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG