Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи собиқ нахуствазири Косово


Собиқ нахуствазири Косово Рамуш Ҳарадинаҷ имрӯз дар додгоҳи ҷиноёти ҷангии СММ дар Гаага ҳозир мешавад, ки ба баррасии ҷиноёти даврони ҷанги собиқ Югославия машғул мебошад. Вай барои амалиёти поккории сербҳои Косово муттаҳам мешавад. Дар сурати собит шудани гуноҳҳояш вай метавонад барои ҷиноёт алайҳи инсоният, таҷовуз, шиканҷаву таъқиби инсонҳо айбдор дониста шуда барои абад равонаи зиндон шавад. Дар канори Ҳарадинаҷ дар додгоҳ ду албанитабори дигари Косово қарор доранд.
XS
SM
MD
LG