Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се тоҷики зиндонӣ аз Гуантанамо озод шуд


Ба қавли Витман, боздоштшудаҳоро мувофиқи машварати гурӯҳе, ки ба баррасии парвандаҳои зиндониёни Гунатанамо машғул аст, ба ватанашон фиристодаанд. Ва ин гурӯҳи боздоштшуда дар миёни дастикам 85 боздоштшудаҳое қарор доштанд, ки мунтазири интиқолёбӣ ба зодгоҳашон ҳастанд, то баъдан мувофиқи тасмими мақомоти кишварашон дубора ба зиндон андохта шаванд, ва ё озод гарданд.

Аммо Витман бо зикри ин ҳама нагуфтааст, ки дар кадом фурсат баъд аз интиқолёбӣ ба ватани худ, ин афрод метавонанд ба озодӣ бароянд. Инчунин мушаххас нест, ки оё зиндониёни тоҷикистонии Гуантанамо ба ватан расидаанд ё на ва сарнавишти минбаъдаи онҳо чӣ мешавад. Вазорати дифои Амрико ҳамчунон аз ошкор кардани исми ин гурӯҳ худдорӣ кардааст.

Вазорати дифоъи Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар изҳороте, ки имрӯз дар сомонаи интернетиаш ҷо дода шудааст, таъкид мекунад, ки бо интиқолёбии ин гурӯҳи панҷнафара ба ватанашон, шумори бештари боздоштшудаҳо ё ба озодӣ баромаданд, ё ба ватани худ фиристода шуданд ва бо ин роҳ дигар дар зиндони Гуантанамо нигаҳдорӣ намешаванд. Дар изҳорот омадааст «Интиқоли мазкур гувоҳи он аст, Иёлати Муттаҳида хостори он нест, ки боздоштшудаҳо беш аз он ки лозим аст, нигаҳдорӣ шаванд».

Интиқоли гурӯҳи нави шаҳрвандони Тоҷикистон аз Гуантанамо дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, оид ба шумори дақиқи шаҳрвандони ин кишвар дар боздоштгоҳи муваққатии ҷазираи Куба иттилоъи кофӣ надоранд. Тибқи иттилои расмии Тоҷикистон, то оғози соли 2007 10 шаҳрванди ин кишвар аз маҳбаси Гуантанамо раҳо шуда ба Тоҷикистон интиқол ёфтаанд.

Боздоштгоҳи Гуантанамо пас аз ҳодисаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 аз ҷониби Амрико дар ҷазираи Гуантанамои Куба ташкил шуд, ки дар он танҳо муттаҳамони узвият дар шабакаи «Ал-Қоида» ва «Толибон» нигаҳдорӣ мешаванд. Аксари боздоштшудаҳо беш аз чаҳор сол аст, ки бидуни муҳокимаи додгоҳӣ ва айбмонии расмӣ дар ин боздоштгоҳ ба сар мебаранд. Ҳарчанд дар баъзе ҳолатҳо, аз ҷумла дар мисоли баъзе собиқ зиндониёни Гуантанамо аз Тоҷикистон мушаххас шудааст, ки онҳо афроди тасодуфӣ буда, ба гурӯҳҳои террористӣ ва ё толибон ҳеҷ иртиботе надоштаанд.

Тибқи иттилои Вазорати дифои Амрико, то имрӯз тахминан 390 боздоштшудаи Гуантанамо ба кишвари худ, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон , Миср, Русия, Покистон ва Бритониёи Кабир интиқол дода шуданд. Ҳоло, баъд аз интиқоли гурӯҳи панҷнафара ба Афғонистону Тоҷикистон, шумори зиндониёни Гуантанамо 385 нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG