Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бебарқии саросарӣ дар Суғд.


Шурӯъ аз рӯзи 1- уми март буҳрони энергетикӣ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон ба нуқтаи ниҳоии худ расид. Аз субҳи рӯзи панҷшанбе интиқоли барқ ба манзили сокинони навоҳии Суғд умуман қатъ гардид. Дар маркази устони Суғд - шаҳри Хуҷанд субҳи рӯзи аввали моҳи март танҳо ними сокинони биноҳои бисёртабақа дар манзил дар давоми танҳо як соат барқ доштанд.




Инъом Сангинов - муовини намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ сабаби ин бебарқии саросариро ба ҷорӣ шудани меъёри аз пешина шадиди тақсими барқ дар мингақаи шимолии Тоҷикистон вобаста донист : «Аз рӯи маълумоти ман, дар Хуҷанд ин саҳар танҳо ба хонаҳои бисёртабақаи қисмати рости рӯди Сир дар давоми як соат барқ интиқол карда шуд. Дигарон умуман барқ надоштанд. Акнун мо маҷбур ҳастем танҳо ба беморхонаву иншоотҳои дигари ҳаётан муҳим барқ диҳем ва интиқоли барқ ба манзили сокинони хонаҳояшон заминиро хеле кам кунем. Дигар имконият нест.»





Ба гуфтаи оқои Сангинов, меъёри нав интиқоли барқ дар давоми як ва якуним соати субҳу шом ва танҳо ба манзилҳои бисёртабақаи шаҳрҳои Суғдро пешбинӣ кардааст. Дигар манзилҳои одамон пурра аз барқ маҳрум хоҳад буд. Аммо корхонаҳои саноатӣ шабонарӯз бо барқ таъмин карда мешавад. Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд мегӯянд, ки ин меъёри шадид бо амри ширкати «Барқи тоҷик» сурат гирифтааст. Ба гуфтаи онҳо, ширкати «Барқи тоҷик» акнун барои вилояти Суғд истифодаи барқ дар ҳаҷми чору ним миллион киловатт соат дар як шабонарӯзро муқаррар кардааст.





Дар ҳоле,ки вилояти Суғд барои як шабонарӯз ба 14 миллион киловатт соат нирӯи барқ ниёз дорад. Инъом Сангинов - муовини намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд сабаби маҳдуд шудани ҳаҷми нерӯи барқро чунин шарҳ медиҳад: «Сабабҳояш - паст шудани сатҳи оби обанбори Норак, поин рафтани сатҳи маҷрои рӯди Вахш ва кам ворид шудани нерӯи барқ аз кишварҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон аст. Мо ҳозир иқтидори дохилии барқи худамонро истифода карда истодаем.»




Ба ҳамин тариқ, сар аз оғози моҳи март вилояти Суғд худро умдатан бо нерӯи барқи нерӯгоҳи обии барқи Қайроқум таъмин месозад, ки иқтидори тавлидотии он наздики 3 миллион киловат соат дар як шабонарӯз аст. Дар бораи то кай идома ёфтани ин ҳолат масъулини идораи барқи Суғд изҳори беиттилоъӣ карданд.

Маъсуми Муҳамадраҷаб, Хуҷанд.
XS
SM
MD
LG