Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши мизони тавлидоти мухадирот дар Афғонистон


Оҷонсии назорат бар нашъаи СММ гуфт, ки вазъи маводи мухаддир дар Афғонистон, тавлидкунандаи бузургтарини афюн дар ҷаҳон, босуръат бадтар мешавад.
Дар гузориши солонаи Шӯрои байналмилалии назорат бар маводи мухаддир омадааст, ки соли гузашта мизони тавлиди афюн дар Афғонистон беш аз ду баробар, яъне 59 дар сад афзоиш ёфта, ба нуқтаи баландтарин расид.

Дар гузориш омадааст, ки маводи мухаддир ба густариши ҷиноятҳои муташаккилона, ришвату фасод хизмат карда, талаботи кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро барои маводи мухаддири ғайриқонунӣ афзоиш медиҳад.

Барои мисол, омадааст дар гузориш, Эрон нишондоди баландтарини истеъмоли афюнро дар ҷаҳон дорад ва дар қаламрави Осиёи Марказӣ, ба қавли ин гузориш қочоқи маводи мухаддир дар соли 2006 афзоиш ёфтааст.

Дар гузориш инчунин омадааст, ки Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон ҳоло қочоқи миқдори зиёди маводи мухаддирро таҷриба мекунанд.

Оҷонсии СММ мегӯяд, ки ба масъалаи маводи мухаддир бояд дар зудтарин фурсат аз ҷониби ҳукумати Афғонистон ва бо мусоидати донорҳо расидагӣ ба амал ояд.
XS
SM
MD
LG