Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои санади саҳмиябандии нави «Сангтӯда -1»


AK

Масъулини энержии Тоҷикистон, РАО ЕЭС-и Русия ва муассисаҳои молии байналмилалӣ дар Вашингтон дар бобати сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда -1» як ёддошти ҳусни тафоҳум имзо карданд.





Дар ин мулоқот намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии тавсиа, Бонки исломии рушд, Гурӯҳи байналмилалии молӣ, намояндагони РАО ЕЭС-и Русия ва масъулини энержии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асадулло Ғуломов - муовини сарвазири Тоҷикистон ширкат кардаанд. Тавофуқ ҳосил шудааст, ки дар марҳалаи кунунӣ ҳиссаи ҷонибҳо аз рӯи тартиби 25% саҳмияи Тоҷикистон бар изофаи як дарсад ва 75% саҳмияи РАО ЕЭС-и Русия бо коҳиши як дарсад боқӣ бимонад.





Дилбар Зоирова, сухангӯи намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфт ширкати РАО ЕЭС-и Русия дар доираи санади ба имзорасида пешниҳод кардааст, ки 24% аз ҳиссаи онро ниҳодҳои молии байналмилалӣ сармоягузорӣ кунанд. Ҷониби Русия бо ин пешниҳоди худ қасд дорад барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ кӯмаки молии изофӣ дарёфт кунад.





Ҳамин манбаъ афзуд, ниҳодҳои моли байналмилалӣ бо изҳори алоқамандӣ ба ин пешниҳод ҳамзамон таъкид намудаанд, ки он бояд мавриди омӯзиш қарор бигирад. Ин дар ҳолест, ки ҳайати давлати Тоҷикистон ба муассисоти молии байналмилалӣ пешниҳод кардааст ин маблағ ба ихтиёри Тоҷикистон гузошта шавад, то ба ин васила саҳми ин кишвар дар бунёди неругоҳи Сангтӯда 1 аз 25%-и ҳозира ба 49% афзоиш ёбад.





Аммо намояндагони ниҳодҳои байналмилалии молӣ гуфтаанд дар ҳоли пазируфта шудани пешниҳоди мазкур ҳамкорӣ дар ин барнома бар асоси муносиботи тиҷоратӣ сурат хоҳад гирифт.
Неругоҳи Сангтуда -1 дар дусад километрии ҷануби Тоҷикистон дар рудхонаи Вахш бунёд хоҳад шуд, ки иқтидори тавлидотии он 670 меговат аст. Ин неругоҳ ҳудуди 500 миллион доллар арзиш дошта аз сӯи ширкати РАО ЕЭС-и Русия ва давлати Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд.


Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG