Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Ироқ қонуни нафтро тасдиқ кард


Ҳукумати Ироқ пешнависи қонун доир ба нафтро тасдиқ кардааст ва мегӯяд, ки онро барои тасвиб ба порлумони ин кишварро пешниҳод хоҳад кард.


Тарҳи қонун тақсими баробари фоида аз фурӯши нафти хом миёни 18 вилояти Ироқ ва боз кардани ин соҳа ба рӯи сармоягузорони хориҷиро дар назар дорад. Нахуствазир Нурӣ Ал Моликӣ қонуни мазкурро ҳадя барои тамоми мардуми Ироқ хондааст.


Қонун доир ба нафтро, ки мавриди баҳсҳои шиддатноки раҳбарони ҷиноҳҳои ироқӣ будааст, яке аз талошҳои муҳим барои ба ҳам овардани мардуми Ироқи ҷангзада медонанд.
XS
SM
MD
LG