Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тарҳи ҳамкориҳои фаромарзӣ


Дар як ҳамоиши муштарак, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, тарҳи Барномаи мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳавзаи рӯдҳои фаромарзӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ҳамоиши мазкур бо ибтикори вазорати энержию саноат, кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва бо мусоидати молии Барномаи рушди СММ ва ҳукумати Тоҷикистон доир мегардад. Дар кори ҳамоиш қарор аст намояндагони кишварҳои ҳавзаи рудхонаҳои фаромарзӣ ва таҳлилгарону коршиносони хориҷӣ низ ширкат меварзанд.
Аз замони соҳибистиқлол шудани кишварҳои болоб ва поёноби Осиёи миёна ба шумули Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистону Қазоқистон танзими истифодаи захоири обӣ дар ҳавзаи муштараки фаромарзӣ ба як масъалаи ҳассос дар равобити ин кишварҳои табдил ёфтааст. Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар саргаҳи рудхонаҳои фаромарзӣ қарор доранд, барои мисол аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ҳамасола барои тақвияти зерсохторҳои ирригатсионӣ ва обанборҳо бо вуҷуди таҳаммули зиён маблағи ҳангуфт сарф мекунанд. Дар ҳоле,ки аз ин кишварҳои поёноб бидуни пардохт ва ихтисоси маблағ нафъи бештар ба даст меоранд.
XS
SM
MD
LG