Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвоз ба Аврупо сангинтар шуд


Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар мавриди коҳиши теъдоди парвозҳо дар масири Душанбе-Стамбул-Мюнхен тасмим гирифт. Ба иттилоъи дафтари матбуоти ширкат, аз ин баъд парвози ҳавопаймоҳо дар ин масир на ҳар ҳафта, балки фақат моҳе як бор - аввалин рӯзи шанбеи моҳ сурат мегирад. Ба гуфтаи масъулини ширкат, тасмими ахир бо он омил бастагӣ дорад, ки парвози ҳавопаймои хатти Душанбе-Стамбул-Мюнхен барои ТоҷикАйр зиёновар аст. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки қимати чиптаи парвоз тағйир нахурдааст.
Ёдовар мешавем, ки раҳбарони ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон моҳи майи соли гузашта хати парвози мустақими Душанбе-Мюнхенро маҳз бо сабаби зиёновар буданаш бо хатти парвози Душанбе-Стамбул муттаҳид карда буданд.
XS
SM
MD
LG