Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори гоз ҷони кӯдаки ноболиғро рабуд


Бар асари инфиҷори гоз дар яке аз манзилҳои маскунии шаҳри Душанбе як нафар кудаки ноболиғ кушта ва чаҳор нафар аъзои як хонавода ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Ин инфиҷор субҳи имрӯз 20 феврал рух дод. Бино ба иттилоъи Дустмурод Забиров корманди дафтари матбуъоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон инфиҷори мазкур дар манзили сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маҳмадсафар Сафаров ба ҳангоми истифодаи зарфи гоз рух додааст. Дар натиҷаи инфиҷор худи соҳибхона Маҳмадсафар Сафаров бо ҷароҳатҳои мухталиф ҳамроҳ бо се нафар арзандаш ба бемористон интиқол дода шудааст. Раёсати Хадамоти оташнишонии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон таҳқиқи қазияро оғоз намудааст, вале аз рӯи маълумотҳои пешакӣ мегӯяд эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад,ки истифодаи нодурусти гоз сабаби ба вуқӯъ омадани инфиҷор шуда бошад. Инфиҷори гоз дар бинои фарсудаи маскунӣ иттифоқ афтодааст ва бар асари он гузориш шуда,ки табақаи аввал ва дувуми бинои мазкур комилан хароб гардидааст. Мувофиқи омори Хадамоти зидди сӯхтори Тоҷикистон соли гузашта дар кишвар даҳ маврид инфиҷори гоз дар манзилҳои маскунӣ ба қайд гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG