Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико кӯмакҳояшро ба Тоҷикистон афзоиш медиҳад


Дар ҳоле ки Амрико имдоди молиро ба давлатҳои Осиёи Марказӣ коҳиш медиҳад, ёриҳои он ба Тоҷикистон дар соли 2007 кам на, балки бештар мешаванд. Вазорати корҳои берунаи Иёлоти Муттаҳида эълом дошт, ки кӯмакҳояшро ба давлатҳои шӯравии пешин, аз ҷумла Ўзбакистон ва Қазоқистон ҷиддан коҳиш медиҳад, вале ба Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон ҳамоно мадади молӣ хоҳад расонд. Чунончи, имдоди мустақими молй ба Тоҷикистон назар ба соли гузашта наздики 4 миллион доллар бештар хоҳад шуд.


Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Қазоқистон Ҷон Ордуэй дар ин бора гуфтааст, рушди ниҳодҳои демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва матуботи озод ҳамоно аз мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи Вошингтон дар минтақа хоҳанд буд. Бархе аз коршиносон дигаргуниҳои барномаи имдодии Амрикоро ба мушкилоти буҷаи он пайванд доданд. Аммо дар ҳамин ҳол, кӯмакҳои дигари Иёлоти Муттаҳида ба кишварҳои нодор, хоса дар Ховари Миёна ва Африқо коҳиш наёфтаанд.


Бо вуҷуди афзоиши кӯмакҳои Амрико ба Тоҷикистон барои соли равон, Тоҷикистон натавонистааст, барандаи ёриҳои вижаи Барномаи ҳазора шавад. Ин ёриҳо барои пешрафти назаррас дар рушди демократй, озодии матбуот ва коҳиши фақр дода мешаванд.
XS
SM
MD
LG