Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бистарӣ шудани Хол Машрабов


Хол Машрабов, яке аз чеҳраҳои собиқи саршинос дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов бар асари сактаи мағзӣ ва боло рафтани фишори хун ду рӯз ба ин сӯ дар ҳолати беҳушӣ дар бемористони Қаряи Боло таҳти назорати пизишкон қарор дорад.





Ибодулло Машрабов, бародари Хол Машрабов дар сӯҳбати бидуни микрофон ба радиои Озодӣ гуфт, маризии бародараш бар асари боло рафтани фишори хун сар задааст. Вай гуфт, қаблан фишори хуни бародараш дар ҳадди 160 ба 80 буд ва мегуфт, ки ин фишори маъмулист.





Баъдан фишори хунаш ба 200 боло рафтааст, аммо ӯ ба ин ҳам эътибор надода ва ба як бор кораш ба вазнинхонаи беморхонаи Қаряи Боло кашидааст. Хол Машрабови 56 - сола қаблан дар ҳукумати Тоҷикистон дар вазифаҳои райиси ноҳияи Рӯдакӣ, райиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон кор кардааст. Дафъаи охир ӯ боз ба райисии ноҳияи Рӯдакӣ омад ва якуним моҳ қабл дар тағйироти охири кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон аз ин вазифа сабукдӯш гардид.





Ибодулло Машрабов гуфт, баробари ба бемористон овардани бародараш як табиби ҷарроҳро аз Маскав даъват кардаанд. Вай афзуд, худи пизишкон ҳам дар ҳайрат афтоданд, ки саломатии Машрабов баъди ҷарроҳӣ ба зудӣ беҳбуд ёфт. Яке аз табибони муолиҷагари Хол Машрабов дар бемористони Қаряи Боло, ки нахост дар микрофон сӯҳбат кунад, гуфт гирифторӣ ба ҳамчунин бемории вазнин дар синну соли Хол Машрабов як падидаи маъмулист, аммо табобати он моҳҳо тӯл мекашад.






Ибодулло Машрабов, бародари Хол Машрабов гуфт, дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии ӯ хеле беҳбуд ёфтааст ва рӯзҳои наздик аз беморхона фориғ хоҳад шуд. Ҳангоме ки хабарнигори Озодӣ дар бинои панҷуми беморхонаи Қаряи Боло ба хотири огоҳ шудан аз вазъи сиҳатии Хол Машрабов қарор дошт, Амиршо Миралиев, райиси Дастгоҳи раисҷумҳур ва Маҳкам Маҳмудов, раиси кумитаи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ба аёдати ӯ омаданд.

Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG