Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ABC: "Муқтадо Садр гурехтааст"


Бар асоси гузоришҳои таъйидношуда, раҳбари бонуфузи шиъамазҳабони Ироқ Муқтадо аc-Садр кишварашро тарк гуфта ба Ирон фирор кардааст.


Телевизиони Эй Би Си аз қавли мақомоти олирутбаи низомии Амрико гуфт, ки Муқтадо Садр, раҳбари артиши шибҳанизомиёни Маҳдӣ ду ё се ҳафта пеш Бағдодро тарк гуфта ба Теҳрон гурехтааст, ки дар он ҷо аъзои хонаводааш ба сар мебаранд.


Бар тибқи гузоришҳо, Муқтадо Садр зоҳиран тарсидааст, ки нерӯҳои эътилофии таҳти сарварии Амрико иқоматгоҳи ӯро бомборон мекунанд. Намояндагони Муқтадо Садр ба ин гузоришҳо то кунун вокунише нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG