Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир Лотен: "Интихобот ғайридемократӣ буд."


fr

Грем Лотен, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, ки аз қитъаҳои интихоботӣ дар ноҳияи Қабодиён дидан мекард, ба хабарнигори Озодӣ гуфт, дар ин интихобот қонуншиканиҳое ба мисли раъйдиҳии як нафар ба ҷойи чанд нафар ба мушоҳида расидааст.


Ин дипломати хориҷӣ аз ҳузури норӯшан ва камфаъолиятии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар чунин маъракаҳои муҳими сиёсӣ изҳори ташвиш кард.


Ба эътиқоди оқои Лотен, чунин бархурди аҳзоби сиёсӣ дар роҳи рушди низоми демократӣ пайомадҳои манфӣ ба бор хоҳад овард.


Дар интихоботи рӯзи 11 феврал дар ҳавзаҳои интихоботии Восеъ ва Қабодиён ду номзад аз ҲХДТ пирӯз гардиданд. Номзади ин ҳизб дар ҳавзаи интихобтии ноҳияи Восеъ рақибе надошт. Ва аммо рақиби номзади ҲХДТ дар ноҳияи Қабодиён номзад аз ҲНИТ буд.
XS
SM
MD
LG